Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рашт: Мева дорем, фурӯхта наметавонем


Рашт Водии Рашт бо ҳавои мусоид ва иқлими мӯътадил аз воҳаҳои аграрии Тоҷикистон буда барои парвариши анвои гуногуни себу нок ва картошка муносиб афтодааст. То як даҳсола пеш меваҷоти ин минтақа ба ғайр аз бозорҳои Тоҷикистон ба ҷамоҳири дигари Осиёи Марказӣ ва ҳатто ба Русия бароварда мешуд. Себу ноки Рашт ба қавли тоҷирон аз бозоргиртарин меваҷот дар ин бозорҳо ба ҳисоб мерафтааст. Аммо бо суқути Шӯравӣ, тоҷирони раштӣ аз имкони дастрасӣ ба бозорҳои минтақа маҳрум шуданд ва акнун меваҷоти эронӣ себу ноки Раштро ҳатто дар бозорҳои Душанбе танг кардааст.

Хайриддин Ғиёсов, як нафар коршинос бар ин назар аст, ки ба иллати аз кор мондани аксари корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе сокинони пойтахт рӯ ба бозор овардаанд ва барои деҳқони асил ҷой намондааст. Вале бо гирифтори бӯҳрон шудани иқтисоди кишвар дар солҳои навади садаи гузашта бунёди боғҳои нав маҳдуд гашт ва пайдоиши амрози гуногуни дарахтону гаронии заҳрҳои кимиёвӣ мушкили асосии соҳаи боғдори дар Рашт шудааст. Ва аммо агар дар замони Шӯравӣ хоҷагиҳои кишоварзии водии Рашт асосан ба парвариши тамоку ва ба боғдорӣ ихтисос ёфта буданд, феълан, умдатарин маҳсулоти риштаи кишоварзии водиро картошка ва боз ҳам меваҷот ташкил медиҳад.

Дар ҳоле, ки омори расмӣ аз пешрафту дастовардҳои назарраси водии Рашт дар мавриди парвариши картошка сӯҳбат мекунад, коршиносон мегӯянд, ин ришта акнун ба бӯҳрони сахте гирифтор шудааст. Тибқи омор, соли гузашта дар як худи ноҳияи Рашт 1000 гк картошка кишт шудааст, ки ҳосилнокии он ба 235 сентнерӣ баробар будааст. Ин дар ҳолест, ки кишти ин навъи маҳсулот дар соли 2003 ҳамагӣ 748 гк буда деҳқон дар маҷмӯъ 229 сентнер ҳосил бардоштааст. Аммо тухмии картошка, ки чанд сол пеш аз Ҳоланд ворид шуда буд, феълан кӯҳна шуда ва адами воридоти тухмӣ мунҷар ба коҳиши ҳосилнокии заминҳои кишти картошка дар минтақа шудааст. Тайибҷон Қандов, як кишоварзи маҳаллӣ мегӯяд, «Агар дар ояндаи наздик масоили марбут ба тухми ҳалли худро наёбад, мушкилоти ҷиддие ин соҳаро интизор аст.»

Масъалаи дигар барои кишоварзони Рашт пайдо кардани бозори фурӯш барои маҳсулоташон аст. Таври маълум, қомат афрохтани деворҳои зиёди марзиву гумрукӣ дар байни кишварҳои минтақа дасти деҳқони оддиро аз содироти молаш ба хориҷи кишвар кӯтоҳ кардааст. Мушкили дигар мавонеъи сунъӣ ва ҳам фасодкории мақомоти ин кишварҳост. Як тоҷири маҳаллӣ чӣ гуна боздошт ва зиндонӣ шудани ӯву чаҳор ҳампешааш дар Тошкандро дар чанд соли пеш қисса мекунад:
«Ҳангоме ба шаҳри Тошканд расидем полиси ин шаҳр моро дастгир ва зиндонӣ намуд. Танҳо тавассути як тоҷири чимкентӣ ба хотири маҳсулотамон аз он ҷо пас аз се рӯзи асорат халосӣ ёфтем.»

Бо ин вуҷуд, тоҷирони узбак бо истифода аз роҳи оҳан ва тоҷирони қирғиз аз тариқи Ҷиргатол меваи ин минтақаро бо теъдоди кам, вале то ҳол содир мекардаанд. Аммо ба назари коршиносон, мизони содироти маҳсулоти кишоварзии водии Рашт, ки бо чунин роҳ анҷом мешавад, хеле ночиз буда, наметавонад мушкили дастрасии ин маҳсулот ба бозорҳои минтақаро ба таври фарогир ҳал кунад.

Аммо дар ҳамин ҳол, Валилҷон Музафаров, ки бо замбӯрпарварӣ машғул аст, мӯътақид аст, ягона соҳае, ки дар бахши кишоварзӣ беш аз ҳама даромад хоҳад овард, парвариши замбӯри асал мебошад. Ӯ мегӯяд:
«Дар муқоиса ба дигар соҳаҳо парвариши замбӯри асал ба деҳқон бештар даромад хоҳад овард. Барои мисол, ман аз 25 қуттӣ занбӯри асал ҳар сол ҳудуди 1500 - 2000 доллари амрикоӣ даромад мегирам.»

Чорводорӣ аз соҳаҳои дигарест, ки аз ҷиҳати саршумор дар чанд соли ахир дар минтақаи Рашт ба маротиб афзудааст. Аммо ба эътиқоди Аҳмадҷон Шарифов, сарвари бахши мубориза зидди бемориҳои чорво бо парвариши зотҳои камширу камгушт наметавон ин соҳаро даромаднок арзёбӣ кард. Ҷаноби Шарифов меафзояд, баробар будани қимати ширу гушт дар бозорҳои Душанбеву Рашт гувоҳ бар гуфтаи болост. Ба гуфтаи ӯ, ҷиҳати рушди соҳаи мазкур боист ин корҳоро аз сар гирифт:
«Танҳо дуруст тайёр кардани хӯроки чорво, хушзоткунӣ ва мубориза зидди бемориҳои сироятӣ соҳаи мазкурро даромаднок хоҳад кард.»

Масъалаи дигари матраҳ дар ин соҳаи иқтисоди минтақаи шарқи Тоҷикистон масъалаи ислоҳот аст, ки ҳамчунон ба сурати кунд идома дорад. Аммо Раҳматшо Шоев, ҳуқуқшиноси маркази машваратию иттиллотӣ барои деҳқонону соҳибкорон дар водии Рашт табдили колхозу совхозҳоро ба хоҷагиҳои деҳқонӣ раванди бебозгашт медонад.
«Бар истиснои хоҷагиҳои тухмипарварӣ, боғпарварӣ ва зотпарварӣ дигар зарурати боқӣ мондани колхозу совхозҳо нест. Зеро аллакай таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки кори пурсамар дар фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад.»

Раҳматшо Шоев, зимнан аз мушкилоти истода дар рӯбарӯи хоҷагиҳои хусусишудаи деҳқонӣ сӯҳбат мекунад ва мегӯяд, дар ин роҳ кӯмаку қарзҳои боимтиёзи бонкӣ метавонад нақши муассир бозӣ кунад, вале ба чанд шарт:
«Имрӯз нафароне савол медиҳанд, ки чаро хоҷагиҳои деҳқонӣ боқувват намешаванд. Ман сабаби инро дар нарасидани маблағҳо мебинам. Бояд ба ҳамон хоҷагиҳое бонкҳо қарз диҳанд, ки онҳо имконияти фаровони чорводорӣ ва зироатпарварӣ доранд.»

Аммо умдатарин мушкил барои риштаи кишоварзии водии Рашт дар ҳоли ҳозир камбуди техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ будааст. Дар тӯли беш аз як даҳсола ба истиснои се-чор адад техникаи нав дар ин ришта танҳо тракторҳои тармимталаби бозмонда аз замони шӯравӣ фаъолият доштаанд. Ин дар ҳолест, ки қисмати зиёди кор дар хоҷагиҳои кишоварзии минтақа ҳамчунон бо қувваи даст иҷро мешаванд. Вале худи хоҷагиҳо дигар имкони мустақилона харидани техникаи нави кишоварзиро аз даст додаанд. Ба гуфтаи соҳибназарон, танҳо илоҷ кӯмаки бевоситаи давлат ба хоҷагиҳои кишоварзист, ки бояд тавассути барқарор кардани анъанаи дар солҳои сиввуми асри гузашта роиҷ бо роҳи таъсиси поркҳои муштараки техникӣ ин хоҷагиҳоро бо техникаву таҷҳизоти муосир ва ҳамчунин бо тухмии хубу бо доруҳои минералӣ таъмин кунад. Дар ғайри ин сурат, ба гуфтаи мусоҳибони мо, лаззати себи хубониву ноки асили Рашт то чанд соли дигар танҳо дар хотироти падарону бобоёни мо боқӣ хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG