Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳинд


Нишасти комиссияи муштараки иқтисодии Ҳиндустону Тоҷикистон дар Душанбе, бо имзои як тавофуқнома ва бо ваъдаи ҷониби Ҳиндустон ба Тоҷикистон додани 25 миллион доллари қарзи боимтиёз ба анҷом расид. Ғафурҷон Расулов, сухангӯи вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон гуфт, ин маблағ қисман барои бунёди ширкати муштараки дорусозӣ ва корхонаи коркарди маҳсулоти мевагӣ дар Душанбе масраф хоҳанд шуд.
"Аз он маблағе, ки Ҳиндустон ба Тоҷикистон қарз ҷудо кардааст, дар назар аст, ки дар оянда барои бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ истифода гардад. Пештар аз ин ба маблағи ҳафт миллион доллари Иёлоти Муттаҳида низ ҳамчун маблағи бебозгашт ба Тоҷикистон аз Ҳиндустон эҳдо гардид. Ғайр аз ин боз ба таври бебозгашт Ҳиндустон даҳ адад автобус тақдим кард, ки онҳо феълан дар хизмати мусофирони шаҳри Душанбе аст"


Ба қавли ҷаноби Расулов, бо дастгирии молии ҷониби Ҳиндустон, дар назди вазорати иқтисоди Тоҷикистон ифтитоҳи як маркази иттилооти технологӣ дар назар аст. Тоҷикистон дар иваз ба Ҳиндустон маҳсулоти кишоварзӣ ва алюминиум хоҳад дод. Ҳамчунин, дар ин нишасти ҳайатҳои иқтисодии ду тараф ҷониби Ҳиндустон тасмим гирифт, ҳудуди 5 миллион доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон кӯмаки бебозгашт ихтисос диҳад.
Дар ҳоли ҳозир, табодули мол байни Ҳиндустон ва Тоҷикистон ба якуним миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст. Ҳар ду ҷониб таъкид карданд, аз чунин натиҷа қаноатманд нестанд ва бо такя ба имконоти иқтисодии ҳар ду кишвар метавонанд, ҳаҷми табодули молро ба маротиб афзоиш диҳанд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG