Пайвандҳои дастрасӣ

Медонед клавиатура ба тоҷикӣ чӣ мешавад? Монитор чӣ?


Луғати нави англисӣ -тоҷикии Парвона Ҷамшедов, раиси созмони муаллимони забони англисии Тоҷикистон ва Толиб Розӣ, муттахасиси соҳаи компютер истилоҳоти муосиртарини фанниро низ дар бар гирифтааст. Парвона Ҷамшедов мегӯяд, ин аввалин фарҳанги калонҳаҷми англисӣ - тоҷикиест, ки ҳудуди 30 ҳазор вожа ва таркибу ибораҳои маъмулии англисиро дар бар мегирад:

«Чопхонаи «Пайванд» онро ба теъдоди 2000 нусха аз чоп баровардааст. Ин чопи аввал аст, аммо умед дорем, ки дар оянда боз як чопи дигарро низ омода бикунем, зеро ин 2000 ҳам барои донишмандон, ҳам барои донишҷуён ва барои олимону кормандони техникӣ, ки ба ин луғат ниёз доранд, нокофӣ аст.»

Парвона Ҷамшедов мегӯяд, ин луғат бо сохт ва таркибаш аз фарҳангҳои дигари англисӣ - тоҷикие, ки то имрӯз нашр шудааст, фарқ мекунад. Тарҷумаи истилоҳот ва вожаҳои маъмулии компютерӣ ба забони тоҷикӣ аз навовариҳои ин луғат будааст. Луғати мазкур замимаҳоеро низ дар бар гирифтааст. Аз ҷумла, дар ин фарҳанг истилоҳоти тахассусӣ, тарзи навиштани мактубҳо бо забони англисӣ, сӯҳбат дар чат, намунаҳои ҳуҷҷатгузорӣ, қоидаҳои нутқӣ ва шифоҳии англисӣ низ оварда шудааст. Фарҳанги ҷадиди англисӣ - тоҷикӣ роҳнамои махсусе ҳам дорад, ки ба ҷузъ тарҷумаи истилоҳҳои англисӣ ба тоҷикӣ боз роҳҳои дигари тарҷумаи калимаро низ дорад. Парвона Ҷамшедов:

«Ҳар касе, ки мехоҳад, ягон калимаи забони тоҷикиро ба англисӣ тарҷума кунад, он калимаро аз роҳнамое дар ақиби китоб оварда шуда, он калимаро ёфта баъдан аз даруни луғат онро ба забони англисӣ пайдо кунад. Саҳифааш ҳам нишон дода шудааст.»

Ҷаноби Ҷамшедов гуфт, дар назар аст, луғати тоҷикӣ -англисӣ ҳам таҳия гардад. Вале боз як хабари дигар дар ин замина ин аст, ки барои хонандагони макотиби миёнаи ҷумҳурӣ, яъне аз синфи як то 11 китобҳои махсуси англисӣ таҳия шудааст ва ин китобҳо бояд дар соли нави таҳсил нашр ва дар макотиби миёна мавриди таълим қарор бигиранд.
XS
SM
MD
LG