Пайвандҳои дастрасӣ

Истгоҳҳои телефонӣ рақамӣ шуданд, вале сифати тамос боз ҳамон Аҳмади порина


Бо вуҷуди ин ки истгоҳҳои телефонӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон рақамӣ ё диҷитолӣ шудаанд, аммо хатти байни истгоҳҳо ҳамчунон фарсуда боқӣ мондааст ва ин барои сокинони кишвар ҳангоми робитаи телефонӣ мушкил эҷод мекунад. Дар нишасти хабарии Вазорати алоқаи Тоҷикистон, бахши аъзами суолҳо ба вазири мухобироти Тоҷикистон Саид Зувайдов марбут ба ҳамин мавзӯъ буд. Дар посух ба ин суолҳо ӯ гуфт, ба хотири кори босифати ин низоми рақамӣ мебоист, кулли хатҳои телефонӣ дар пойтахт ва навоҳии атрофии он иваз мешуд, вале бо сабаби камбуди маблағ як қисмати хатҳои телефонӣ ҳанӯз иваз нашудааст.


Тибқи иттиллои Вазорати алоқаи Тоҷикистон тайи шаш моҳи ахир дар кишвар боз 139 нуқтаи алоқаи телефонии байналмилалӣ таъсис ёфтааст. Дар чанд навоҳии куҳистони кишвар, аз ҷумла, Рашт, Нуробод, Ҷиргатол, Тавилдара, Тоҷикобод ва Мастчоҳи Куҳӣ шабақаи моҳворавӣ пайваст карда шудааст ва афроди имтиёздор аз ин хидматрасонӣ ба таври ройгон истифода мекунанд ё ҳаққи хидматрасониро танҳо 50 фоиз мепардозанд. Ҳамчунин, тибқи маълумоти ҳамин сарчашма, дар ҳоли ҳозир дар кишвар бист ширкати хидматрасони алоқаи интернетӣ ва дувоздаҳ ширкати хидматрасонии алоқаи мобилӣ фаъолият мекунад. Феълан, теъдоди истифодабарандагони Интернет ва пусти барқӣ дар кишвар 4 000 нафар ва алоқаи мобилӣ 200 000 нафар мебошанд.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG