Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зӯрхона боз шуд


Шоми ҷумъаи 15 июл дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи зӯрхонаи «Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ», ки бо кӯмаки Эрон дар ҳудуди варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон сохта шуд, баргузор гардид ва дар он мақомоти олирутбаи эронӣ ва тоҷикистонӣ, минҷумла, муовини раисиҷумҳур ва раҳбари Созмони тарбиятбадании Эрон Мӯҳсин Меҳрализода ширкат карданд.
Ва як хабари дигар ин аст, ки рӯзи ҷумъа дар толори мактаби махсуси бозиҳои дастии шаҳри Душанбе мусобиқаи баскетболбозони наврас барои дарёфти ҷоиза ба хотираи Абдулло Муродов, нахустин устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар риштаи баскетбол аз Тоҷикистон оғоз шуд. Абдулло Муродов, ки яке аз поягузорони баскетболи касбӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешуд, то охири ҳаёташ - соли 1985 муовини раиси Донишкадаи варзиши Тоҷикистон буд ва тӯли 25 соли фаъолияти омӯзгориаш шогирдони зиёд ба воя расондааст. Алимуҳаммад Мирзоев, раиси кумитаи варзиши шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ин мусобиқа, ки барои гиромидошти хотираи Абдулло Муродов бори севвум сурат гирифтааст, дар ду гурӯҳ бо ширкати шаш тими занона ва шаш тими мардона аз Душанбе, Қӯрғонтеппа, Турсунзода, Ваҳдат ва Ҳисору Рӯдакӣ тайи панҷ рӯз идома хоҳад кард. Вай афзуд, беҳтарин бозингарони ин мусобиқа ба ҳайати тими мунтахаби занонаи баскетболи Тоҷикистон шомил шуда барои ширкат дар чаҳорумин Бозиҳои бонувони кишварҳои исломӣ дар Теҳрон омодагӣ хоҳанд гирифт.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе.
XS
SM
MD
LG