Пайвандҳои дастрасӣ

Кумисиюни муштарак қарор кард, як кумисиюни муштарак таъсис диҳад


Шашумин иҷлоси комиссияи муштараки иқтисодии Эрону Тоҷикистон бо қабули як тавофуқнома ба поён расид. Ҷонибҳо тааҳҳуд намуданд, то мизони ҳамкориҳои тарафайни иқтисодиву тиҷориро миёни ду кишвар густариш бахшанд. Мутобиқи санади мазкур, қарор аст, мушкилоти мавҷуд дар ин самт рафъ гардад. Аз ҷумла, бар асоси ин санад тарафҳо тавофуқ намуданд, то ҷиҳати ташвиқ ва ҷалби тоҷирон ва ширкатҳои эронӣ ба Тоҷикистон як комиссияи муштараки доимо амалкунанда таъсис гардад. Ин комиссия аз намояндагони мақомоти зирабти ду кишвар ташкил хоҳад шуд ва бояд расидагӣ ба мушкилоти тоҷирону сармоягузорони эронӣ дар Тоҷикистон ҳадафи аслии он гардад.

Муҳамад Шариатмадорӣ, вазири бозаргонии Эрон зарурати таъсиси як чунин комиссияиро барои густариши равобити тиҷории байни Эрону Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кард ва гуфт, ҷониби Эрон моил аст дар бахшҳои хусусии иқтисоди Тоҷикистон ҳузури фаъол дошта бошад. Аммо вуҷуди бархе аз мушкилот, ба назари ҷаноби Шариатмадорӣ, дар ҳоли ҳозир, ҳузури фаъоли сармоягузорони эронӣ дар Тоҷикистонро таҳтушуоъ қарор додааст. Ба гуфтаи вазири тиҷорати Эрон, дар ин росто, бояд пеш аз ҳама амнияти сармоягузорони эронӣ ва ҳифзи сармояи онҳо таъмин гардад. Аз сӯи дигар, ба назари мақоми эронӣ, бояд таваҷҷӯҳ шавад, ки тағйиру таҳаввули муқарррароти андозу гумрукӣ набояд бар зарари сармоягузорон ва тоҷирон тамом шавад.

Вазири бозаргонии Эрон дар ин робита аз мушкили ширкати эронии «Умрон» дар шимоли Тоҷикистон ёдовар шуд ва гуфт, ин ширкат дар шимоли Тоҷикистон дар бахши пахтакорӣ машғул ба фаъолият аст. Аммо бинобар мавонеъи маснӯъияи далели молиётӣ ин ширкат имрӯз аз фаъолият бозмондааст ва бархилофи созишномаи тарафайн наметавонад ҳиссаи мӯайяни пахтаро, ки дар он сармоягузорӣ намудааст, ба хориҷ содир намояд.

Аммо оқои Ормад, раиси ин ширкат умедвор аст, ҷониби Тоҷикистон бар асоси созишнома амал менамояд ва мушкили пеш омада рафъ мегардад. Муҳаммадалӣ Ризо, як тоҷири дигари эронӣ ба мавонеъи зиёди молиёт ва гумрукӣ дар Тоҷикистон ишора менамояд ва мегӯяд, бояд муқаррарот дар ин замина мушаввиқи ҳузури сармоягузорон дар Тоҷикистон гардад, на мавонеъ дар ин роҳ.

Аммо ба назари Флорентин Бланк, раҳбари гурӯҳи молиявии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, ҳанӯз дар сари роҳи сармоягузории хориҷӣ дар ин кишвар мушкилоти зиёд мавҷуд аст. Ба гуфтаи ҷаноби Бланк, вуҷуди фасод дар низоми иқтисодӣ ва набуди зербиноҳои зарурии хидматрасонӣ дар Тоҷикистон аз мавонеъи аслӣ дар ин роҳ ба ҳисоб меравад.

Бар асоси омори расмӣ, дар 10 соли охир ба иқисодиёти Тоҷикистон мустақиман ҳудуди 900 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ сурат гирифтааст. Аммо, бо ин вуҷуд гуфта мешавад, Тоҷикистон аз лиҳози шароит ва заминаи қонунгузорӣ барои сармоягузорони хориҷӣ ҳамоно як кишвари дорои сатҳи баланди риск боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG