Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

18 миллион доллар зарари корхонаҳои давлатӣ ба хазинаи давлат


Кумитаи давлатии назорати молиявии Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ гуфт, ин ниҳод дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ мақомоти мухталифи кишварро ҳудуди 600 маротиба мавриди тафтишу санҷиш қарор додааст ва дар ин замина муайян кардааст, ки муассисоти давлатӣ ба маблағи беш аз 55 миллион сомонӣ, муодили 18 миллион доллари амрикоӣ ба бӯҷаи давлатӣ зарар расонидаанд. Матлубхон Давлатов, раиси кумитаи назорати молиявии Тоҷикистон гуфт, аз ҷониби ниҳоди ӯ фаъолияти молиявии ҳукуматҳои 13 шаҳру ноҳияи кишвар тафтиш гардидааст ва маълум шудааст, ки раҳбарони мақомоти маҳаллӣ маблағҳои бӯҷаро худсарона ба мақсадҳои дигар масраф мекунанд.

Матлубхон Давлатов дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди он ки чӣ камбудиҳо дар фаъолияти корхонаи арзизи Тоҷикистон аз ҷониби кумитаи назорати молиявӣ ошкор шудаанд ва дуруст аст, ки алайҳи сарвари собиқи ин муассиса Абдуқодир Эрматов фасод ҳудуди 150 миллион доллари амрикоӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, чунин гуфт:
"Аз он гуфтагии шумо ҳам зиёдтар камомад ошкор шудааст. Дар ин бора умуман оид ба далели камомад дар завод парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст ва тафтиши пешакӣ идома дорад нисбати роҳбарияти корхона, муҳосиботи он. Ман боварӣ дорам, он 145 миллион долларе, ки аз ҳисоби зиёд навиштани нархи ашёи хоме, ки ба корхона ворид мешавад ва онро А. Эрматов имзо кардааст, баргардонида мешавад. Ин маблағро ширкати «Ансол», ки бо корхонаи арзизи Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад, пардохт карданист, зеро вай фаъолияти худро дар кишвар давом доданист"
.


Тафсилот дар бахши иқтисодии вижагуфторҳо
XS
SM
MD
LG