Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Қирғизистон: Дурнамои ҳамкориҳо


Онҳо мегӯянд, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҳайси ду кишвари ҳамҷавору ҳаммарз имконоти фаровон дар даст доранд, то ҳамкориҳои судманд дошта бошанд ва ба ин васила мушкилоти иқтисодии худро аз миён бубаранд. Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, бо назардошти мавқеи ҷуғрофӣ ва имконоти мавҷудаи ҳамкориҳо дар заминаҳои мухталиф, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самти истифодаи захоири об ва содироти он ба кишварҳои дигари минтақа, имкони муҳим доранд, аммо, тайи даҳ соли ахир, миёни ин ду кишвар дар ин самт, иқдоми зарурӣ ва ҳамкориҳои назаррас анҷом дода нашудааст:
"Масалан, Қирғизистон маҷрои оби Сирдарёро ба танзим медарорад, аммо Тоҷикистон маҷрои Омударёро ҳоло танзим карда наметавонад. Ин дар сурати пурра ба кор даромадани истгоҳи обӣ - барқии Роғун даст медиҳад. Ва ин ду кишвар метавонад ба об нарх гузоранд ва ба кишварҳои ҳамсоя онро фурӯшанд."


Сайфулло Сафаров, муовини раиси пажӯҳишгоҳи стратегии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ҳодисаҳои сиёсии чанде қабл дар Қирғизистон рух дода ба муносиботи ҳамкориҳои ин ду кишвар чандон таъсире нагузоштааст:
"Имконоти зиёди ҳамкориҳо миёни ин ду кишвар вуҷуд дорад, ки суди фаровоне метавонад барои ин кишварҳои ҳаммарз биёрад. Масалан, онҳо метавонанд корхонаҳои муштарак таъсис диҳанд, дар самти роҳу нақлиёт ҳамкорӣ кунанд, дар интиқоли газу нафт, дар тайёр кардани мутахассисон ба ҳам кӯмак кунанд."


Ғафур Расулов, сухангӯи Вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, табодули солонаи мол миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон тайи чанд соли ахир 55 миллион доллари амрикоиро ташкил мекунад. Ӯ мегӯяд, ин нишондод мутаносибан бо назардошти имконоти дар даст доштаи ин ду кишвари ҳамсоя кофӣ нест ва нисбат ба нишондоди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии кишварҳои дигари минтақа хеле кам аст.

Мушкилоти дигаре, ки дар роҳи муносиботи ҳамкориҳои ин ду кишвар то андозае монеъа эҷод мекунад, масоили марзӣ будааст. Бино ба гуфтаи намондагони Кумитаи сарҳадоти Тоҷикистон, ҳанӯз сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон мӯайян ва аломатгузорӣ нашудааст ва ин боиси пеш омадани ҳаводиси мухталифи марзӣ мегардад. Нуралишоҳ Назаров, муовини раиси Кумитаи марзбонии Тоҷикистон бо ёдоварӣ аз ҳодисаи дар моҳи майи соли равон, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рух дода, ки дар пайи он як шаҳрванди Тоҷикистон аз тири сарҳадбонони қирғиз ҷони худро аз даст дод, мегӯяд, сабаби аслии пеш омадани чунин ҳодисот, то кунун аломатгузорӣ нашудани сарҳадҳо миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад:
"Сабаби сар задани чунин ҳодисаҳо ҳамин аст, ки сарҳадҳо мӯайян нестанд, киро метавонӣ гунаҳкор кунӣ. Рӯзҳои наздик, 15, 16 июл як ҳайат аз Қирғизистон меояд ва мо масъалаи аломатгузории сарҳадотро баррасӣ ва ҳал хоҳем кард ва умед дорем, дар оянда низ ҳамкориҳои мо хуб мешаванд."

Гуфта мешавад, масофаи марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон 870 километр буда, чандин бозори наздимарзӣ бо Қирғизистон таъсис ёфтааст ва то имрӯз, дар муносиботи ду кишвар ҳеҷ гоҳ мушкили ҷиддие пеш наомадааст.
XS
SM
MD
LG