Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти президенти Тоҷикистон бо вазири бозаргонии Эрон


Вазири бозаргонии Эрон, Муҳаммади Шариатмадорӣ пас аз дидораш бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, мавзӯъҳои аслии ин мулоқот баррасии тавофуқномаи тоза ба даст омада байни ду кишвар, ҳузури Эрон дар фаъолияти созмони Шонгҳой, масоили марбут ба таҳкими амнияти иқтисодии Тоҷикистон, саҳми Тоҷикистону Эрон дар суботу бозсозии Афғонистони ҳамсоя, табодули транзити мол тариқи кишварҳои васатӣ ва масоили дигари марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Эрону Тоҷикистон будааст. Ҷаноби Шариатмадорӣ, вазири бозаргонии Эрон гуфт, тафовуқномае, ки дар ҷаласаи навбатии комиссияи иқтисодии муштараки Эрону Тоҷикистон имзо шуд, аз 95 банд иборат буда, шароити ҳамаҷониба барои густариши ҳамкориҳо байни ду кишвар, аз ҷумла ҳузури Эрон ба унвони як кишвари сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистонро фароҳам месозад.


Оқои Шариатмадорӣ ҳамчунин гуфт, бо раисҷумҳури Тоҷикистон масъалаи мавҷуди мавонеъи бюрократӣ дар фаъолияти сармоягузорони эронӣ дар ин кишварро баррасӣ кардааст. Ин дар ҳолест, ки иҷлосияи кумисиюни муштараки иқтисодии байни ду кишвар дар шаҳри Душанбеи идома дорад ва ҳайатҳои ҳар ду тараф хостори таъсиси як Шӯрои ҳамоҳангсозе шуданд, ки мушкилот, аз ҷумла печидагиҳои пешомада марбут ба мавонеъи девонсолорӣ (бюрократӣ) - ро рафъ созад. Имрӯз, 14 июл ин Шӯро дар шаҳри Душанбе нишасти нахусти худро баргузор кард.


Дар ҳамин ҳол, вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон Ҳаким Солиев саҳми Эронро дар сохтмонҳои муҳими стротегии Тоҷикистон арзанда баҳо дод ва аз ҷумла гуфт, мизони табодули мол байни ду кишвар дар ҳоли рушд қарор дорад. Ва аммо вазири иқтисоди Эрон дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ҷониби Эрон тасмим гирифтааст, то ҷашни Наврӯзи 2006 сохтмони нақби Анзобро анҷом диҳад ва дар наздиктарин фурсат ё то як моҳи анҷоми раёсати Муҳаммади Хотамӣ ба маблағгузории 180 миллион доллар ба сохтмони "Сангтӯда - 2" дар ҷануби Тоҷикистон оғоз бахшад.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG