Пайвандҳои дастрасӣ

Афрохта шудани парчами Тоҷикистон дар охирин нуқтаи марз бо Афғонистон


Баъд аз 77 соли парафшонӣ парчами Русия дар минтақаи марзии Панҷ пойин оварда шуд ва ҷойи худро ба парчами серангаи Тоҷикистон иваз кард. Ин охирин дастаи марзбони Русия буд, ки фаъолияти худ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро рӯзи чоршанбе ба сурати расмӣ қатъ ва парчами Русияро аз болои ситоди фармондеҳии дастаи марзбонӣ пойин кард. Маросими табдили парчами Русия ба парчами Тоҷикистон дар марз бо ширкати Саидамир Зуҳуров, раиси кумитаи марзбонии Тоҷикистон ва Александр Баранов, фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Русия дар ин кишвар сурат гирифтааст.

Марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон 1270 километр тӯл дошта, дар тамоми замони мавҷудияти Тоҷикистон дар ҳайати Шӯравии пешин ва инчунин аз замони ба истиқлол расидани ин кишвар аз ҷониби нирӯҳои русӣ ҳимоят мешуд. Аз моҳи майи соли 1993 миёни ду кишвар як созишнома ба имзо расид, ки тибқи он ҳимояти марзҳо то замони омода шудани нирӯҳои марзбони тоҷик бар дӯши нирӯҳои русӣ вогузор шуд. Ва дар соли 2003 Тоҷикистон тағйири шароити созишнома ва ба дӯши худ гирифтани ҳимояти марзҳояшро пешниҳод намуд, ки дар моҳи октябри соли гузашта Русия ба он мувофиқат кард.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG