Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷумъабой Толибов : «Мехоҳанд даҳони маро банданд!»


Шаҳристон - Хуҷанд. Дар додгоҳи маркази ноҳияи Шаҳристон, тақрибан садкилометрии ҷануби Хуҷанд, се рӯз инҷониб бозбинии парвандаи Ҷумъабой Толибов - хабарнигор ва мансабдори ҳукумати ноҳияи Айнӣ идома дорад.

Ҷумъабой Толибов - журналист ва мудири шӯъбаи маъмуриву ҳуқуқии ҳукумати ноҳияи Айнӣ зимни мурофиаи додгоҳӣ изҳор дошт, ки боздошти вай дар авохири моҳи апрели соли равон дар шаҳри Душанбе замоне сурат гирифт, ки мехост мақолаи навбатиашро таҳти унвони «Ҷиноят чист ва ҷинояткор кист?» дар бораи фаъолияти ғайриқонунии кормандони идораи умури дохилаи ноҳияи Айнӣ, ки гӯё аз содир шудани як идда ҷиноёти вазнин чашм пӯшидаанд, ба дасти нашр диҳад.

Наворҳои видиёии Ҷумъабой Толибов дар ин мавзӯъ дар рӯзи дуввуми мурофиа дар толор намоиш дода шуд. Дар толори танге, ки ширкаткунандагони мурофиаро намегунҷонид ва бархе аз паси дар аз ҷараёни мурофиа огоҳ мешуданд. Ҷумъабой Толибов дар ҳузури додгоҳ гуфт, ӯ ба сифати узви иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ва котиби Шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи худ ҳақ дошт, ба таҳқиқоти журналистӣ даст занад. Ӯ фаъолияти хабарнигории худ, наворҳои видиёӣ ва чопи силсилаи мақолаҳои интиқодиаш дар бораи қонуншиканиҳо аз ҷониби мақомоти додситонӣ ва умури дохилаи ноҳияи Айниро дар нашрияҳои ҷумҳуриявии Тоҷикистон, аз қабили «Садои мардум» ва «Минбари халқ», сабаби аслии боздошт ва маҳкама кашида шудани худ ва ҳамсараш бо кӯшиши ин мақомот номид ва аз паси панҷараи толор чунин изҳор дошт: «Ман на авбошам, на ба тариқи маҷбурӣ ба манзили касе даромадаам. Парвандаи ман ҷиҳати сиёсӣ дорад, кормандони мақомоти додситонӣ ва идораи умури дохилаи ноҳияи Айнӣ мехоҳанд бо роҳи муҷозот даҳони як журналистро банданд. Мақомоти додситонӣ, аз додситонии маҳал то додситонии кулли Тоҷикистон, тафтишотро ҳамин гуна, яктарафа ба роҳ монданд. »

Ба гуфтаи Ҷумъабой Толибов, мухолифати додситонии ноҳияи Айнӣ бо вай аз он сарчашма гирифт, ки аз ин мақомот ба сифати мудири шӯъбаи маъмуриву ҳуқуқи ноҳия ва котиби шӯрои ҳамоҳангсоз маълумотеро дар мавриди вазъи ҷинояткорӣ дар маҳал талаб намуд ва онҳо ин дархостро рад карда, худи ӯро зери фишор қарор доданд. Ҷумъабой Толибов мушаххасан даъвои додгоҳро, ки гӯё ӯ ба хотири наворбардорӣ ва таҳияи мақола бидуни иҷоза ба манзили сокини ноҳияи Панҷакент - Саъдулло Бектӯраев ворид шудааст, рад намуд, аммо Саъдуллоҳ Бектӯраев дар додгоҳ гуфт, ки Ҷумъабой Толибов бидуни иҷоза ба манзили шахсиаш ворид гашта, зери таҳдиду фишор ӯро ба навор бардоштааст.

Бидуни иҷоза ворид шудан ба манзили шахси дигар, авбошӣ ва сӯъиистифода аз мақоми хидматӣ. Ин аст айбномае, ки ҳайъати додгоҳи вилояти Суғд таҳти раисии Ҷӯрабек Сангинов мутобиқи асноди ҷиноии Тоҷикистон Ҷумъабой Толибовро ба он муттаҳам мекунад. Додгоҳ Санавбар Толибова - ҳамсари Ҷумъабой Толибовро танҳо ба таҳқири шахсият муттаҳам медонад. Даъвогарони асосӣ дар мурофиа 5 нафаранд. Парвина Назриева - сокини деҳаи Испағни ноҳияи Айнӣ, дар мурофиа гуфт, Ҷумъабой Толибов нисбати ӯву бародараш дар вақти бозпас додани мошинаи сабукраве, ки барои истифодаи муваққат гирифта буд, гӯё ба тариқи дағалона бархӯрд кардааст:
«Толибов Ҷумъабой Ҷӯраевич бо иҷозаи бибиам (модаркалон) мошини тамғаи «Нива» - и моро аз соли 1997 то ба ин муддат истифода мебурд ва онро фарсуда кард. Вақте дар аввали ҳамин сол хостем мошинамонро бозпас гирем, ба мо суханҳои таҳқиромез зада, бародарам - Назрулло Назриевро, ки бемор аст, латукӯб кард.»

Ҳамсари Ҷумъабой Толибов - сарвари мактаби таҳсилоти ҳамагонии деҳаи Испағни ноҳияи Айниро низ Парвина Нарзиева ба додгоҳ кашидааст. Ибтидои моҳи апрели соли равон чаҳор тан аз кормандони идораи умури дохилаи ноҳияи Айнӣ хостаанд, тафтиши шикоятномаи ӯро маҳз дар мактабе шурӯъ кунанд, ки сарварии онро ҳамсари Ҷумъабой Толибов бар ӯҳда дорад. Санавбар Толибова ба ин амал монеъ шуда ва ҳам гӯё бо суханҳои носазо шахсияти Парвина Нарзиеваро таҳқир кардааст. Вале худи айбдоршаванда дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ ин даъворо бепоя хонд: «Кормандони шӯъбаи дохилаи Айнӣ нисбат ба ман ба таври ғаразнок парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Зеро ман онҳоро ба мактаб роҳ надодам ва гуфтам, ки мактаб ҷои таълиму тарбия аст, на макони баррасии шикоят. Ман нисбат ба Парвина Нарзиева, ки шогирди собиқи мактаби мо аст, ягон сухани таҳқиромез нагуфтаам, ин аз мантиқ берун аст, баръакс, суханҳои носазоро ӯ гуфтааст. Дар бораи ғайриқонунӣ ва бо зӯрӣ ба макони таълиму тарбия ворид шудани кормандони умури дохила ва рафтори носазои Парвина Нарзиева ман ҳамроҳи муаллимаҳои дигар санад тартиб дода, ба ҳукумати ноҳияи Айнӣ супурда будам.»

Майсара Фохирова, вакили мудофеъи Ҷумъабой Толибов ва ҳамсари ӯ - Санавбар Толибова дар анҷоми се рӯзи аввали мурофиаи парванда дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки на дар ҷараёни тафтиши аввалия ва на дар рӯзҳои аввали мурофиаи додгоҳӣ иттиҳомоти нисбат ба нафарони таҳти ҳимояташ эълоншуда бо далелҳо собит нашудааст. Хонум Фохирова афзуд, фаъолияти журналистии Ҷумъабой Толибов ба хотири ислоҳи камбудиҳо дар фаъолияти мақомоти додситонӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Айнӣ буд, аммо ҷои тассуф аст, ки ҳуқуқи ин нафари соҳибқалам бо кӯшишҳои мустақим ва ғайримустақими ин мақомот помол шуда ва ӯ акнун маҷбур шудааст, дар мавқеъи нобаробар, яъне аз паси панҷара бо онҳо баҳс ва аз ҳуқуқи худ дифоъ кунад.
XS
SM
MD
LG