Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созмонҳои экологии Тоҷикистон аз муҳити зист нигарон


Созмонҳо ва коршиносони масоили муҳити зисти Тоҷикистон бо пахши як баёния созишномаи байнидавлатии Тоҷикистону Русия дар бораи безараргардонии партовҳои маводи сӯхти мушакӣ дар вилояти Суғдро алайҳи арзишҳои экологии ин кишвар ҳисобиданд. Созишномаи мазкур 28-уми июн дар Душанбе аз ҷониби Сергей Шойгу, вазири ҳолатҳои изтирории Русия ва Зайд Саидов, вазири саноати Тоҷикистон ба тасвиб расид ва ин ду кишвар аҳд бастанд, ки дар безараргардонии маводи сӯхти мушакӣ муштаракан ширкат меварзанд. Дар нишасти хабарии рӯзи ҷумъа, 13-уми июл созмонҳои экологии Тоҷикистон гуфтанд, созишномаи мазкур ба муҳити зисти ин кишвар хисороти зиёд ворид намуда, ҳуқуқи шаҳрвандонро барои зиндагии солим поймол мекунад ва ҳамчунин ба вазъи туризм дар ин кишвар латма мезанад. Тимур Идрисов, роҳбари ташкилоти экологии «Барои замин» мегӯяд, имкон дорад, ин созишнома обрӯи Тоҷикистонро дар миқёси байналмилалӣ поин барад.

"Мо чунин меҳисобем, ки созишномаи мазкур бар зарари муҳити зисти Тоҷикистон аст ва ба амнияти экологияи кишвар хатар дорад. Гузашта аз ин, чунин санад метавонад ба муносиботи байналмилалии Тоҷикистон бо мамолики хориҷӣ халал ворид созад. Ҳамеша бад аст, ки як давлат партовҳои худро ба давлати дигар бурда гӯронад. Ин нуфузи кишварро мекоҳонад. Ин ҳолат метавонад инчунин боиси кам шудани сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон шавад, ё монеъ ба инкишофи соҳоти муҳимми иқтисод, ба мисли туризми экологӣ гардад".

Ҷаббор Саломов, муовини сарвари оҷонсии бехатарии ҳастаӣ ва радиатсионии Тоҷикистон бо изҳори ноогоҳӣ аз имзои чунин як созишномаи безараргардонии партовҳои маводи сӯхти мушакӣ гуфт, дар кишвар ягон муассисаи коркарди маводи сӯхти мушакӣ фаъол нест ва намедонад аз чӣ боис чунин як паймон миёни Тоҷикистону Русия баста шудааст. Гуфтанист, дар маросими имзои созишномаи безараргардонии маводи сӯхти мушакӣ дар Душанбе 28-уми июн мақомоти Тоҷикистону Русия аз шарҳи ҷузъиёти ин мавзӯъ худдорӣ намуданд, вале қарордоди ёдшударо барои ҳар ду тараф пураҳамият хонданд. Рӯшан нест ба чӣ иллат муовини сарвари оҷонсии бехатарии ҳастаии Тоҷикистон дар мавриди созишномае, ки тавассути вазорати саноати ин кишвар баимзо расидааст, бояд бехабар бошад ва ё ин ки чаро мақомоти давлатӣ бояд аз ироаи иттилооти бештар пиромуни ҷузъиёти ин созишнома худдорӣ кунанд. Дар ҳамин ҳол, Саулис Смалис, намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Душанбе мегӯяд, айни ҳол вазъи муҳити зист дар шимоли Тоҷикистон ниҳоят нигаронкунанда мебошад:

"Мо дар соли гузашта аз риштапартовҳо дидан карда будем. Имсол бошад вазъият ниҳоят муташанниҷ аст. Зарари расида дар соли равонро бо забони коршиносон гуем, 70 баробар аз меъёрҳои муайяншудаи аврупоӣ зиёд аст, дар ҳоле ки соли гузашта он 19 маротиба бештар буд".

Созмонҳои экологӣ ва коршиносони масоили муҳити зисти Тоҷикистон бо пахши баёнияи худ аз мақомоти кишвар тақозо кардаанд, ки минбаъд қарорҳои марбут ба масоили экологиро бо машварати онҳо ба тасвиб расонанд.
XS
SM
MD
LG