Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи кор бо ҷавонони назди ҳукумати Тоҷикистон соҳиби почтаи электронӣ шудааст


Зарангези Наврӯзшо

Кумитаи кор бо ҷавонони назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ҳудудан ҳазор ҷавон бо мадади ин кумита дар бозори кори дохили кишвар шуғле пайдо кардааст. Раҳматулло Асадуллоев, раиси кумитаи кор бо ҷавонон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ҷавонони бидуни маълумоти олӣ аз рӯи касби ронандагӣ, кори сохтмону хоҷагидорӣ ва ихтисосҳои дигар соҳиби ҷои кор шудаанд. Илова бар ин, ҷаноби Асадуллоев гуфт, теъдоди муайяни ҷавонон барои омӯзиши ин ё он навъи шуғл ба давраҳои омузишӣ фиристода шуданд.

Ба гуфтаи раиси кумитаи ҷавонони кишвар, дар баробари ин ҳама, тибқи як қарордоди махсус бо ҳукумати Русия соли равон беш аз 200 ҷавони тоҷик дар ин кишвар бо ҷои кор таъмин шудааст. Зиёда аз ин, ҷаноби Асадулло Раҳмонов мегӯяд, барномаҳои онҳо пуштибонӣ аз муҳоҷирони ҷавони тоҷик дар Русияро низ дар назар мегиранд. Аз ҷумла, ахиран, ба хотири пуштибонии маънавию иттилоотии ҷавонони муҳоҷири тоҷик дар Русия як шӯрои махсусе таъсис ёфтааст, ки кӯмаки аслии он аз машваратхои ҳуқуқӣ иборат будааст.

Кумитаи кор бо ҷавонон ҳамчунин барномаи вижае бо номи «Рушди хадамоти башарӣ барои солҳои 2005-2010»- ро роҳандозӣ намудааст ва тибқи он ихтиёриёни ҷавон аз рӯи принсипи «ҳамсол ба ҳамсол» оид ба роҳҳои ҷилавгирӣ аз мушкилоти ВИЧ-СПИД ва нашъамандӣ сӯҳбатҳо барпо мекунанд.

Навоварии дигар дар кори нимсолаи кумитаи кор бо ҷавонон, ин таъсиси почтаи электроние бо номи youthtj@mail.ru мебошад, ки тариқи он ҷавонон имкон доранд, дархосту мушкилоти худро иброз доранд.
XS
SM
MD
LG