Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркишҳои Лондон зарурати муборизаи бештар бо терроризмро матраҳ кардааст


Вазири умури дохилаи Бритониё Чарлз Кларк имрӯз дар Бруксел хостори иттихози ҳар чӣ зудтари тадобири бештари амниятӣ аз сӯи ниҳодҳои Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати муқобила бо терроризм шудааст. Чарлз Кларк аз ҷумла ба зарурати танзими тартиби истифода аз шабакаи ҷаҳонии Интернет ва телефонҳои мобайл таъкид кардааст. Порлумони Аврупо моҳе пеш чунин пешниҳодро радд карда буд. Оқои Кларк гуфт, силсилаи таркишҳои рӯзи панҷшанбеи гузашта дар Лондонро, ки мунҷар ба ҳалокати 52 нафар шуд, 4 бритониёии покистонитабор анҷом додаанд. Ба ақидаи оқои Кларк, ин афроди маргталаб аъзои шабакае будаанд, ки робитаҳои байналмилалӣ дорад.

Сарвазири Бритониё Тони Блейер, ки имрӯз дар порлумони кишвараш дар бораи таркишҳои рӯзи 7 июл сӯҳбат мекард, низ ба зарурати тадобири бештари амниятӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз фаъолиятҳои террористӣ таъкид карда ва гуфтааст, давлати вай аз ҷумла тартиби ихроҷи афродеро, ки адоватро дар ҷомиа ангезиш медиҳанд, содда хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, вазири умури дохилаи Покистон Офтобхони Шерпай гуфтааст, ки мақомоти Исломобод дар моҳи май ба мақомоти Бритониё барои ҷилавгирӣ аз як амали тарҳшудаи террористӣ мусоидат кардаанд. Офтобхони Шерпай гуфт, ин ҳамла бояд пеш аз интихоботи саросарӣ дар Бритониё сурат мегирифт, вале маълумоте, ки мақомоти покистонӣ дар ихтиёри ҳамкорони бритониёии худ гузоштанд, имкон дод, ки чанд нафари шарик дар таҳияи ин ҳамалот дар кишварҳои мухталиф дастгир шаванд. Вазири умури дохилаи Покистон афзуд, Исломобод дар роҳи таҳқиқи таркишҳои Лондон низ бо Бритониё ҳамкории комилеро ба роҳ андохтааст.
XS
SM
MD
LG