Пайвандҳои дастрасӣ

Шастсолагии собиқадори футболи тоҷик Салимҷон Султонов


Тими футболбозони навраси «Локомотив»-и Душанбе ҷоизаи ба номи Салимҷон Султонов, устоди варзиш ва собиқ бозингари тими машҳури «Помир»-и Душанберо бо худ бурдааст. Ин мусобиқа ба ифтихори 60-солагии ин ситораи футболи тоҷик бо ширкати ҳашт даста дар варзишгоҳи «Спартак» - и пойтахти Тоҷикистон тайи панҷ рӯз идома дошт. «Локомотив» дар бозии ниҳоӣ бар дастаи «Нур»-и Душанбе бо натиҷаи 4 бар 1 ғалаба кард. Салимҷон Султонов, ки солҳои 60-ум ва 70-уми садаи бистум аз футболбозони маъруфи тоҷик маҳсуб мешуд, 14 сол инҷониб раҳбари мактаби махсуси футболи захираҳои олимпии шаҳри Душанбест. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Таҳкурсии футболи касбиро маҳз футболи кӯдакону наврасон мегузорад. Бино бар ин, мо бояд, қабл аз ҳама, ба рушди футболи кӯдакону наврасон таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ба эҳёи макотиби махсуси футбол, ки солҳои пешин дар шаҳру навоҳии кишвар фаъолият доштанд, аҳамияти аввалиндараҷа бидиҳем."

Салимҷон Султонов ёдовар шуд,ки солҳои пешин кӯдакону наврасон ба футбол таваҷҷӯҳи зиёд доштанд ва дар майдончаҳои наздиҳавлигӣ бозӣ мекарданд, вале ҳоло чунин манзара камтар ба чашм мерасад, ки ба ақидаи ин собиқадори футбол, ташвишангез аст. Оқои Султонов машғулият ба варзишро як роҳи дигар ва муассири мубориза бо нашъамандии ҷавонон номид.

Ҳамчунин дар варзишгоҳи «Спартак»-и Душанбе бозии дӯстонаи собиқадорони футболи тоҷик ба ифтихори ҷашни 60-солагии Салимҷон Султонов баргузор шуд. Дар ин дидор, аз ҷумла собиқ бозигарони маъруфи кишвар Юрий Ринков, Леонид Кириленко, Владимир Мордовин, Алимуҳаммад Мирзоев, Шӯҳрат Аъзамов ва Абдуғаффор Юлдошев ширкат доштанд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG