Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои мутолиа дар нимашаби сангин


Андрас ва Даниелӣ Се ҳамнафаси ҷолиб -- Азиза Мегӯянд, бо вуҷуди ҳамаи душвориҳо, агар шумо ба зиндагӣ бо лабханд нигаред, зиндагӣ низ ба шумо хоҳад хандид. Оре, сахт аст, дар замони мо табассум кардан, вале оё кадом замона ва кадом инсон бе мушкил ва афтухез ба сар бурдааст? Муҳим аст, ки умедро наканд...

Муаллиф ва коргардон -- Салими Аюбзод

ДОСТОНИ ХАНДА ВА ГИРЯ

Азиза Муҳаммадсолеҳова, зани сабзинаи хушсухан 34-сола аст ва ду писар дорад. Вай лаҳзаҳову рӯзҳои сахти яъсу навмедиро ба сар бурдааст. Вақте он лаҳзаҳо ва рӯзҳоро ба ёд меорад, дар лаҳни суханаш оҳанги гиря садо медиҳад ва чашмони мешии шаҳлояш об мегиранд. Фоҷиаи Азиза дар соли 1993 ба вуқӯъ пайваст. Вай он вақт хост, худкушӣ кунад...
Ман ҳамчун коргардони барнома аз шумо ҷиддан даъват мекунам, ки сарнавишти Азизаро аз забони худи вай шунавед.
Ӯ шахсест, ки аз вартаи худкушӣ ба оғӯши зиндагӣ баргашт. Дигарбора издивоҷ кард ва боз модар шуд. Рисолаи илмӣ навишт ва унвони илмӣ гирифт. Зиндагӣ ӯро ба касе табдил додааст, ки ғами дигаронро зуд дарк мекунад ва ҳаргиз кӯмаки худро аз онҳо дареғ намедорад. Вай ҳоло дар маркази ёрдам ба хонаводаҳои бӯҳронӣ кор мекунад, вале вақте ки ҳамкорам Раҳматкарими Давлат ба манзили ӯ омад, ду нафари дигаре нишаста буданд, ки мехостанд, Азиза ҳамчун донандаи бисёр хуби забони русӣ, корҳои илмии онҳоро тасҳеҳ кунад. Арасту мегӯяд, ки худро куштан барои раҳо шудан аз фақр, ишқ ва ё ҳар дарди дигар ба тарсуҳо хос аст, то аз мушкилот фирор кунанд. Ба гуфтаи Мишел Монтен, мо ба худкушӣ ҳақ надорем, зеро тани мо на танҳо ба мо, балки ба худованд ва дигар одамон низ тааллуқ дорад ва ҳеҷ сабабе дар миён буда наметавонад, ки мо ба он беэҳтиромӣ кунем. Ва аз Артур Шопенҳауэр: "Худкуш ба маҳзи ин зиндагиро бас мекунад, ки хостанро бас карда наметавонад." Ва ниҳоят як масали мардумӣ: То вақте ки худкушон қасди худро амалӣ накардаанд, касе бовар намекунад ва баъди он ки амалӣ карданд, касе ғам намехӯрад.

ЁРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Пеш аз ҳама ба шумо хабар медиҳам, ки барномаи мо соҳиби адреси махсуси электронии худ шуд. Бо ин ном: Hamnafas@rferl.org
Дар омади гап, оё @-ро дар тоҷикӣ чӣ бигӯем? Ҳоло дар Тоҷикистон бо вом аз русӣ онро "собачка" меноманд. Чаро намешавад @-ро дар тоҷикӣ "санҷобак" ва ё "марғула" ва ё ақаллан "а дар доира" намегӯем? Мо одат надорем, ки ҳар бегоҳ сагчаамонро аз ресмонаш дошта, ба кӯча бароем, вале ҳама онро "собачка" меномем. Метавонед, ҳар фикру назар ва ё пешниҳоде ки дошта бошед, ба нишонии Hamnafas@rferl.org фиристед. Интизорем.
Аммо чун сухан аз забон рафт, як хабари дигар. Моҳи август, дераш аввали сентябр, дар Амрико як китоби 590-саҳифагии, тасаввур кунед, чи қадар калон аст, грамматикаи забони тоҷикӣ аз чоп мебарояд. Муаллифи он, Андрас Бодроглигети, устоди забонҳои туркӣ ва эронӣ дар Донишгоҳи Калифорнияи Иёлоти Муттаҳида, пас аз мутолиаи саҳифаи интернетии мо, номае фиристоду гуфт, ки мехоҳад меҳмони гӯшаи Занги Телефон бошад. Мо ин дархостро иҷро кардем. Боз ҳам исрор мекунам, ки сӯҳбати ӯро низ шунавед ва бубинед, чи қадар забони моро дӯст медорад.

ЗАХМИ ТЕРРОРИЗМ

Дар замони мо баъзе аз рӯйдодҳо нирӯи онро доранд, ки ҷаҳонро тағйир диҳанд. Монанди ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001 ба Амрико ва чанде пеш, 7-уми июли имсол дар Бритониё. Ҳарчанд рӯзи баъдаш нашрияҳо навиштанд, ки Лондон ба ҳаёти осоишта бармегардад, ба ақидаи равоншинос Йел Даниелӣ, ҳамлаҳои террористӣ ҳаёти онҳоеро, ки шоҳиди воқеъа ва ё бадтар аз ин захмии он шудаанд, якумрӣ дигар мекунад. Хонуми Даниелӣ ҳамон рӯзе меҳмони мо буд ва мебоист, китоби нави худро бо номи "Захми терроризм" муаррифӣ мекард, ки аз Лондон хабари таркишҳои паиҳам расид. Доктор Даниелӣ рад намекунад, ки китобҳои бешумори ӯ дар ин бора ва муҳимтараш назарияи нави ӯ, ки бояд тибби равоншиносӣ ва захмшиносиро аз реша дигар кунанд, баъд аз ёздаҳуми сентябри 2001, ба истилоҳ бозоргир, шудааст. Зеро илми ӯ хосияти амалӣ, яъне вижагии корбурди ҳамарӯзаро дорад. Мудири вобастаи нашароти радиои Озодӣ, хонуми Ҷойс Девис, меҳмонро муаррифӣ кард ва гуфт: "Вай фаъолияти густардае дошт бо наҷотёфтагони фоҷиаи Ҳолокост ва фарзандони онҳо, аммо ҳоло бештар тамаркуз дорад ба рӯи зиндамондагони ҳамлаҳои террористӣ ва зарбаи равоние ки аз терроризм боқӣ мемонад.
Сипас, доктор Даниелӣ, назарияи худро баён дошт, ки тибқи он, кормандони тиб, омӯзгорон, рӯҳониён ва сарварони ҷомеъаҳо бояд тарзи муносибат бо захмиёни ҳамлаҳои террористиро иваз кунанд ва ба онҳо мадад расонанд. Вай гуфт, ба 1 нафаре ки дар чунин ҳамлаҳо ҷисман захмӣ мешавад, 20 нафаре рост меояд, ки рӯҳан захмӣ мегардад. Онҳо бемор мешаванд, вале беморияшон гӯё оддист, монанди сардард ва ё фишори баланди хун. Пизишкон кӯшиш мекунанд, онҳро аз ҳамин гуна касалиҳо табобат кунанд. Аммо бемории онҳо амиқтар аст, зеро дар равони онҳо реша дорад. Вай мегӯяд: "Ҳуввияти як фард аз маҷмӯъи мураккаб ва ҳамбаставу ҳамбози низомҳои чандгонаи гуногун иборат аст. Монанди биологӣ, равонӣ, иҷтимоӣ, тахайюлӣ ва ғайра. Мо ҳуввияти рӯҳонӣ дорем, мазҳабӣ, нажодиву миллӣ, сиёсӣ, байнулмилалӣ ва ғайра. Ва албатта, ҳамаи ин рукнҳо дар тӯли замон бо ҳам дар пайванди рушдкунанда қарор доранд. Дар гузашта, ҳозира ва оянда."

САЙРЕ ДАР БОТИН

Доктор Даниелӣ онҳоро ба манораҳои лифт монанд мекунад, ки ҳаракати андаруни онҳо зиндагии комил ва босамари инсониро таъмин мекунад. Барои таҷриба вай аз ҳозирон дархост кард, ба хотираҳои худ фурӯ раванд ва ба ёд биёранд, ки дар даҳ, понздаҳ ва ҳаждаҳсолагӣ чи касоне буданд. Хотираҳои сабаби хандаву хушҳолии ҳозирон шуданд. Доктор Даниелӣ гуфт, агар рукнҳои ҳуввияти инсон ба манораҳои лифт монанд бошанд, ҳамлаи террористӣ ин манорҳоро миёншикан мекунад. Монанди шамшере, ки ба рӯи найистон зада мепарад ва лӯлаҳои пасту баланди найро нимбур мекунад. Яъне ҳаракат дар ин лифтҳо ё қатъ мешавад ва ё назми худро гум мекунад. Муолиҷаи онҳое ки ба ин шакл рӯҳан захмӣ мешаванд, хеле душвор ва дурудароз аст. Ин маҷрӯҳон ба се навъанд. Якум, қурбониён. Онҳо метавонанд ба вазъ назорат дошта бошанд, вале рӯҳияи талафоту қурбонӣ таркашон намекунад. Дуюм, ситезагарон. Вокуниши инҳо ба вазъи сангини худ фақат ҷангу моҷарову талош аст. Ҳақ ё ноҳақ, ба гапи баҳуда ё беҳуда онҳо мушти тайёр доранд. Ва сеюм онҳое ки аз назорат ба вазъ оҷизанд ва ҷаҳд мекунанд, ҳама чизро фаромӯш кунанд, гумон мекунанд, фаромӯш кардаанд, вале дард дар мағзи онҳо хуфтааст. "Тасаввур кунед, ки ин навъҳо ҳатто аз волидон ба фарзандони онҳо интиқол меёбанд. Ман инро гузариши захми равонӣ аз насл ба насл меномам. Фарзандони онҳо дар зиндагӣ мутобиқан ба ҳамон шаклҳо рафтор мекунанд. Ин ҳатто дар интихоби касб аз тарафи онҳо ба мушоҳида мерасад. Фарзандони қурбониён ё пизишк мешаванд ва ё ҳамшираи шафқат. Фарзандони ҷангара ва ё ситезагарон ё полис мешаванд ё додситон. Онҳо омодаанд, ба ҳама кас ва ҳама чиз биҷанганд. Ва сеюмиҳо ҳарчанд зоҳиран гӯё чизеро нишон намедиҳанд, талоқ ва худкушӣ дар миёни онҳо зиёд аст. Ҳам дар миёни волидон ва ҳам дар миёни фарзандон."

ШИФО

Доктор Йел Даниелӣ мегӯяд, дар китоби худ роҳи расидагӣ ба мушкилоти захмиёни равонии терроризмро пажӯҳиш кардаву ба натиҷае расидааст, ки дар навбати аввал онҳо бояд, ба истилоҳ, ҳаракати пурраро дар манораҳои лифти тахайюлии ҳуввияти фардии худ барқарор намоянд. Ва дар ин роҳ атрофиён бояд ба онҳо кӯмак кунанд. Вай аз як рисолаи асримиёнагӣ нақли қавл кард: "Бояд таъкид кард, ки қурбониён бештар на аз бераҳмии қотил, балки аз бетафовутии тамошогар захмӣ мешаванд ва дард мекашанд. Бераҳмии душман ба шикастани рӯҳ қодир нест, балки сукути онҳое рӯҳро мешиканад, ки гӯё рафиқу дӯст шумурда мешаванд. Ончи касро мешиканад, аз даст додани касони дигар аст, ки наметавон ба онҳо такия кард. Ин ҳол хоҳиши зистанро заҳролуд мекунад. Агар ин ҷомеъаи инсониест, ки мо аз онем ва он моро тарк кардааст, чаро бояд роҳи бозгашт ба онро ҷуст." Ин иқтибос андарзҳои ошноеро ба ёд меорад. Монанди оне ки "захми табар мераваду захми сухан не." Ва ё ривояти машҳури Мансури Аналҳақ, ки вақте ҳама ба вай санг мезананд, парвое намекунад, аммо вақте яке аз шайхҳои санг мезанад, фиғон мекашад, ки ҳама чизе намедонанд, аммо ту медонӣ ва санг мезанӣ.
Ба ақидаи онҳое ки дар ин мулоқот дар толори мудаввари радиои Озодӣ ширкат карданд, пажӯҳиш ва бозёфтҳои хонуми Даниелӣ на танҳо дар сарикор бо осебзадагони терроризм, балки дар ҳар ҳолати дигар низ қобили қабуланд. Аз ҷумла дар кори сахти Азиза Муҳамадсолеҳова, ки ба хушбахтии ҷомеа даст аз хукдушӣ нигаҳ доштаву баргаштааст, то дигаронро кӯмак кунад ва наҷот диҳад.
XS
SM
MD
LG