Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёмадҳои нохуши обхезӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ


Ба гузориши Вазорати ҳолатҳои истирории Тоҷикистон сел дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба ҳаёт ва моликияти 14 ҳазор нафар дар ин ноҳия таҳдид мекунад ва мардуми бархе аз рустоҳои он ба ҷои бехатар кӯчонида шудаанд. Вазири ҳолатҳои истирории Тоҷикистон Мирзо Зиёев ҳоло дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба ситоди рафъи оқибатҳои сел раҳбарӣ мекунад. Обхезӣ дар ин ҷо дар ҳоле ба амал меояд, ки паёмад ва хатари фалокатҳои ҳамсон дар ноҳияҳои Панҷакент, Фархор, Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа, Ванҷ ва Тавилдара рафъ нашудааст. Хабаргузориҳо мегӯянд, ҳарорати баланди ҳаво ва боронҳои тӯлонии ду моҳи охир сабаби ин офатҳо шудаанд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳафтаи гузашта аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват кард ба рафъи паёмадҳои селу обхезӣ дар кишвар мадад кунад. То ҳол ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, сафорати Эрон дар Тоҷикистон, созмонҳои ғайридавлатии Наҷоти кӯдак, Агроаксияи Олмон ва Бунгоҳи рушди Осиёи Марказӣ дар посух ба ин даъват ба офатзадагон кӯмакҳо фиристодаанд. Худи ҳукумат ба ноҳияи Ҳамадонӣ 30 тонна орд, 7,5 тонна рӯған, 5 тонна биринҷ ва дигар маводи ниёзи аввалия равон кард. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дастур дод, барои рафъи оқибатҳои фалокат дар ноҳияи Панҷакент ва сохтмони манзил барои осебдидагон наздик ба 1,5 миллион сомонӣ тахсис ёбад. Мақомоти ноҳияи Панҷакент мегӯянд, зарари офатҳои ахир дар ин ҷо 8,5 миллион сомониро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG