Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Посухи шумо ба саволи мо


Кормандони радиои Озодӣ дар Душанбе Дар саҳифаи асосии Бахши тоҷикии радиои Озодӣ, дар гӯшаи поёни дасти чап гӯшае ҳаст, ки шумо метавонед, бо истифода аз он фикру андешаи худро ба мо нависед ва ё ба саволи навбатии мо посух диҳед.

Саволи навбатӣ ин буд, ки оё шумо барномаҳои моро дӯст медоред? Ва инак, охирин посухҳо ба ин савол.

"Ҳа."
Еминем-Ҳабиб

"Дӯст надошта намешавад.
Шумо ҳастеду мо ҳастем...
Пайрав

"Салом ба ҳамаи шумо!"
Сироҷ

"Барномаи шуморо хеле дӯст дорам. Ман ки аслан зодаи Тоҷикистон ҳастам ва дар хориҷи кишвар иқомат дорам, мехостам ба тозатарин ахбори шумо обуна шавам. Ба шумо барори кор мехоҳам."
Мамлакатой

Hello dear Radio Ozodi,
I am a Tajik citizen out of my country,
But i really become happy when i found your site, although i am not in my country but i feel that i am there in Tajikistan because i dayly get informations from my country due to ozodi.org site.
i hope you will give me more news to my e-mail address.
i am very thankful to founder of ozodi.org site,
Sincerely yours:
Rahimov

"Мо барномаи шуморо бе мусиқӣ дӯст намедорем, тамом вассалом!
Як вақте дар барномаи шумо "Мусиқӣ бидуни марз" садо медод, ки таҳиягари он Гулбаҳори муродӣ буд. Магар дигар имкони аз нав барқарор кардани ин барнома нест? Агар хоҳед ки барномаҳои шумо дуӯтдоштанӣ бошанд, мисли Радиофардо-и Эрон беҳтарин оҳангҳои классикӣ, миллӣ, на танҳо тоҷикӣ, балки тамоми ҷаҳонро пахш кунед."
Бо эҳтиром Сабинаи берун аз хоки Ватан.

"Ман аз шумо хоҳиш мекунам, ки дар ҳамин адреси ман суратҳои футболистҳои Тоҷикистонро равон кунед ё ки сайтҳои тоҷикиро дар ин бора. Чаро шумо дар бораи футбол гап намезанед? Хайр, дар паноҳи худо бошед."
Муҳаммад

Салому эҳтиромоти зиёд ба ҳама кормандони ин барномаи радиои Озодӣ!
Чи аҷаб навиштаҳо, воқеан дили одам реш-реш мешавад. манзури ман аз гузоришҳои пурмазмуни доғи рӯзи Сайёфи Мизроб аст. Бароят муваффақият мехоҳам. Бинвис ва боз бинвис, Достоевскии тоҷик."
Бо эҳтиром Митра
Душанбе - Ню Йорк
XS
SM
MD
LG