Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти капитан Тоҳир Паҳлавонов


Тоҳир Паҳлавонов, як афсари умури дохилаи вилояти Бадахшон дар таърихи 4 июл дар назди манзилаш аз сӯи ходимони вазорати амният боздошт ва ба Душанбе бурда шудааст. Гуфта мешавад, капитани милиса Паҳлавонов бо дастури додситони кулли Тоҷикистон боздошт шуда, феълан дар боздоштгоҳи вазорати амният дар шаҳри Душанбе ба сар мебарад. Бо ин мазмун ба волидайни Паҳлавонов иттилоияе супурда шуд, ки ба он муовини раиси идораи амнияти вилояти Бадахшон Аловатшоҳ Орифов имзо кардааст.То ин дам маълум набуд, ки боздошти Паҳлавоновро кӣ анҷом додааст ва бо талаби рӯшан кардани сарнавишти вай чанд рӯз пеш гурӯҳе аз сокинони Хоруғ дар назди бинои ҳукумати вилоят гирдиҳамоӣ карданд.

Аммо дар иттилоияи расида ба волидайни Паҳлавонов дар бораи иттиҳомоти алайҳи ӯ чизе гуфта нашудааст. Раҳбари идораи умури дохилаи вилояти Бадахшон Шариф Ҷабборов зимни сӯҳбат бо афроди гирдиҳамомада гуфтааст, ки боздошти капитан Паҳлавонов ба таҳқиқи ҳодисаҳои соли 1992 робита дорад. Аммо манобеъи дигар дар мақомоти интизомии вилояти Бадахшон мегӯянд, Паҳлавоновро дар робита ба парвандаи куштори додситони кулли пешин Нуруллоҳ Ҳувайдуллоев боздошт кардаанд. Нуруллоҳ Ҳувайдуллоев дар натиҷаи як сӯиқасд дар моҳи августи соли 1992 кушта шуд ва бо ҷурми даст доштан дар қатли вай то кунун ду нафар маҳкум ба эъдом шудаанд. Аммо ин фарзияро манобеъи расмӣ то кунун рад ё тасдиқ накардаанд. Тоҳир Паҳлавонов дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон аз фармондеҳони Иттиҳоди мухолифини тоҷик буд. Ӯ сар аз соли 1997 ва то замони боздошташ дар таърихи 4 июли соли ҷорӣ дар идораи умури дохилаи вилояти Бадахшон кор мекард.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, Хоруғ
XS
SM
MD
LG