Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Полиси Бритониё мегӯяд, омилони таркишҳои Лондонро муайян кардааст


Сарони идораи полиси Бритониё гуфтанд, дар таҳқиқи таркишҳои ҳафтаи гузашта, ки камаш 52 нафарро ба ҳалокат расонда, 700 нафарро захмӣ карданд, чандин далели нав ба даст овардаанд. Онҳо мегӯянд, шахсияти чор нафареро муайян карданд, ки бомбаҳоро ба метрои Лондон ва як автобус интиқол додаанд. Сардори бахши зиддитеррористии полиси Бритониё Питер Кларк гуфт, ин чор нафар дар навори видеоии камераҳои тобхӯрандаи даромадгоҳи метро каме пештар аз таркишҳо дар якҷоягӣ намудор мешаванд: "Мо ҳоло медонем, ки ин чор нафар субҳи панҷшанбе, ҳафтуми июл, бо қатор ба Лондон омаданд. Мо дар навор чор нафареро мушаххас кардем, ки дар истгоҳи Кинг Крос каме пештар аз соати 8:30 пайдо шудаанд."Кларк афзуд, полис, далели қотеъ дорад, ки камаш яке аз чоргона дар таркиш кушта шудааст. Полис ҳоло кӯшиш мекунад, муайян намояд, ки оё се гумонбаршудаи дигар низ дар саҳнаҳои таркиш кушта шудаанд ё не. Ақида ин аст, ки ҳамаи таркишҳо маргталабона ва ҳамоҳангшуда будаанд. Матбуоти Лондон менависад, се гумонбаршуда шаҳрвандони покистониасли Бритониё. Бар пояи мушаххасот, полис ба чанд манзил дар шаҳри шимолии Лидс ҳамла кард, аз ҷумла ба манзили бомбгузорони эҳтимолӣ. Як нафар ба ҳабс гирифта шуд ва миқдоре аз маводи тарканда мусодира гардид.
XS
SM
MD
LG