Пайвандҳои дастрасӣ

Даргузашти Аслиддини Соҳибназар


Аслиддини Соҳибназар, ки дар миёни ҳамсафон ва ҳаводоронаш ба унвони пайкараи озодӣ низ ёд меавад, субҳи душанбеи 11 июл баъди бемори тӯлонӣ дар синнни 66 - солагӣ даргузашт. Аслиддини Соҳибназар, муҳимтарин мӯҳра дар рӯёрӯиҳои оғози истиқлол миёни режим ва ҳаракатҳои озодихоҳӣ, парвардаи низом ва ҳизби коммунист буд, вале бо фароҳам шудани шароит барои қад алам кардани нерӯҳои миллӣ дар пешопеши ин нирӯҳо қарор гирифт ва ба зудӣ ба яке аз шахсиятҳои муҳим ва калидии миллӣ дар замони ба истиқлол расидани Тоҷикистон табдил ёфт. Аслиддини Соҳибназар баландтарин ва танҳо мақоми давлатӣ дар ҷумҳурии ба истиқлолнарасидаи Тоҷикистон буд, ки алайҳи низом ва адами адолати иҷтимоӣ дар низоми вақт баланд шуд.


Аслиддини Соҳибназар солиёни зиёд раёсати муҷтамаъи кишоварзии ҷумҳурӣ ва муовинати вазорати кишоварзии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт ва то замони бозсозӣ дар ҷумҳурӣ ба унвони як марди мутахассиси варзидаи кишоварзӣ ва ҳақшинос маълум буд. Баъдан, ба унвони муовини аввали сарвазир, раиси Бонки миллӣ ва узви раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон низ ифои вазифа кардааст. Ӯ дар интихоботи соли 1991 ҳамчун номзад ба муовинати раёсати ҷумҳурӣ ҳамроҳ ба Давлати Худоназар ширкат варзид. Аслиддини Соҳибназар то замони бознишаста шуданаш дар чор соли пеш муовини раиси кумитаи молиёти Тоҷикистон ва то вопасин лаҳзаи ҳаёташ муовини раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон (ҲДТ) буд.


Имомназари Холназар, муовини собиқи раиси ҲДТ аз Аслиддини Соҳибназар ёд мекунад: "Воқеъан ба маънои томаш як марди ҳақиқӣ буд. Дар зиндагии пур аз зулмоти мо ва дар ин зулмоти ошкор нагуфтану зулмоти иттилоотӣ шахсан барои ман як ламъаи нуре буд. Акаи Аслиддин, рости гап, баъзан чизҳоеро менавишт, ки мо, қисми зиёди мо, аз хонданаш метарсидем, чизҳоеро мегуфт, ки мо аз шуниданаш ҳатто метарсидем. Ва дар Тоҷикистон аз ӯ дида ошкоргӯтару ҳақгӯтару ростгӯтар, ба фикри ман, дигар марде набуд."

Аммо Муҳиддини Кабирӣ, муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон мегӯяд, марги Аслиддини Соҳбназар барояш бисёр талху таккондиҳанда будааст. Бо вуҷуди дар аксари маврид, гуногунии ақидаҳо ӯ Аслиддини Соҳибназарро устоди мактаби ҷасорат ва демократия дар Тоҷикистон медонад: "Ҳеҷ кас нақши Соҳибназаров дар сиёсати дасти кам 20 соли охири Тоҷикистонро радд карда наметавонад. Эшон арзишҳоеро дар ҷомиа ба вуҷуд оварданд. Аз аввалин касоне буданд, ки дар порлумони собиқи кишвар ҳарфи худро озодона мегуфт ва як фарҳанги ошкоргӯиро дар Тоҷикистон ҳамин кас аз умқ ва аз дохили низоми коммунистӣ истода, ба вуҷуд оварданд. Ва воқеъан сиёсати Тоҷикистон, саҳнаи сиёсии кишвар имрӯз талафоти гароне дод."


Аммо Аслиддини Соҳибназар барои Мамлакат Ҷайчиева,муовини ӯ дар созмони ҲДТ дар шаҳри Душанбе, ҳамчунон ҳайкали озодӣ ва қиблаи озодипарастон аст: "Аслиддини Соҳибназар як марди майдон, як нафари шуҷоъатпеша, пайкари озодии Тоҷикистон буд ва имрӯз гумон мекунам, ки як қаноти мо шикастааст."


Аслиддини Соҳибназар дар нахустин ва ягона интихоботи озод ва демократии Тоҷикистон дар соли 1990 ёздаҳ нафар, аз ҷумла намояндагони ҳизби ҳокими коммунистиро шикаст дода ва вакили охири порлумони шӯравии Тоҷикистон интихоб шуда буд. Аммо то рӯзи маргаш се бори дигар вориди муборизаи интихоботӣ шуд, вале дигар имкони пирӯзии у салб шуда буд. Аслиддин Соҳибназаров танҳо пешвои муҳими мухолифини ҳукумат буд, ки бо сари қудрат расидани ҷабҳаи мардумӣ ё фронти халқӣ ва бидуни додгоҳ ва муҳокима кушта шудани садҳо тан ҷонибдорони мухолифин Тоҷикистонро тарк накард. Ба иқрори худаш, танҳо се моҳ дар кӯҳҳои атрофи Душанбе бо ҷамъи муҷоҳиддин паноҳ бурда буд. Ва ҳатто аз телевизони давлатӣ гуфт, то замоне ки ҳазорон тоҷик дар кӯҳҳо ба сар мебарад ва фирорӣ аст, ҳеҷ гуна интихобот машрӯъият надорад. Вале агар ҷаноби Кабирӣ мегӯяд, марги Аслиддини Соҳибназар яке аз талхтарин рӯзҳои зиндагии вай дар чанд соли охир аст, вале барои худи Аслиддин шояд талхтарин ёд надидани натиҷаи мубориза ва талошҳояш буд. Талоши расидан ба ҷомеаи озод ва маданӣ ва низоми демократӣ. Аммо ин ҳама ҷасорат ва талош оё ба хок рафт?
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG