Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи наҷот аз хушунат куҷост?


Коршиносони амрикоӣ ба занони тоҷик роҳҳои раҳоӣ аз хушунат ва зӯровариро меомӯзанд. Алишер Латифов, раиси дафтари тозатаъсиси гурӯҳи коршиносон, мавсуф ба «Рушди Иҷтимоӣ» ба Радиои Озодӣ гуфт, дафтари онҳо бо пуштибонии молии оҷонсии рушди Суис дар Душанбе таъсис ёфтааст ва феълан як лоиҳаи оҷонсии рушди Суис бо номи «Коҳиши хушунат алайҳи занон дар Тоҷикистон»-ро дар вилояти Хатлон раҳандозӣ мекунад. Ҷаноби Латифов гуфт: "Дар ҳоли ҳозир, Робен Хаар, профессори донишгоҳи аёлати Аризонаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ҳайси мушовир ба Душанбе омадааст ва ӯ чанд семинар ва бахшҳои омӯзишӣ барои коршиносон, кормандони марказҳои бӯҳроншиносии занон ва қурбониёни хушунати хонаводагӣ дар навоҳии Тоҷикистон доир намуд. Ва қарор аст, ҳамчунин дар ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе чунин семинарҳо баргузор карда шаванд."

Сафармоҳ Мирзоназарова, сардори маркази бӯҳроншиносии занони шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон мегӯяд, баргузории чунин бахшҳои омӯзишӣ аз ҷониби коршиносони соҳибтаҷрибаи хориҷӣ ба коршиносони маҳаллӣ ҷиҳати боло бурдани таҷриба ва малакаи эшон аз манфиат холӣ нест. Вай мегӯяд, натиҷаи чунин семинарҳои омӯзишӣ будааст, ки солҳои ахир теъдоди занҳое, ки барои гирифтани машварат ба маркази занони шаҳри Қӯрғонтеппа муроҷиат мекунанд, афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи хонум Мирзоназарова, танҳо дар як моҳи ахир беш аз 1000 зан ба маркази мазкур ба хотири дарёфти машварат муроҷиат намудааст: "Мутаассифона, зӯроварӣ ва хушунати хонаводагӣ дар вилояти Хатлон сол то сол густариш пайдо мекунад ва агар мо сари вақт ба ин занҳое, ки мавриди хушунат ва зӯроварӣ қарор гирифтаанд, кӯмак накунем ва маслиҳат надиҳем, ин ҳодисаҳо метавонанд бо пайомадҳои нохуш анҷом ёбанд ,яъне ин занҳо метавонанд ҳатто ба худкушӣ даст зананд."


Бар асоси иттиллоъи оҷонсии рушди Суис дар Тоҷикистон, қарор аст, коршиносони амрикоӣ таҳти сарварии доктор Робин Хаарр дар ҳамдастӣ бо коршиносони маҳаллӣ, авоили моҳи августи соли равон дар навоҳии вилояти Хатлон як таҳқиқоти вижа оид ба хушунати хонаводагӣ ва зӯроварӣ алайҳи занон анҷом диҳанд ва ба ин васила ҷанбаҳои пайдоиши ин падида ва сатҳи огоҳии занонро нисбат ба ин мушкили иҷтимоӣ ошкор намоянд. Аммо тибқи таҳқиқоти анҷомдодаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, дар соли 2004, аз миёни 5 000 зани пурсидашуда рӯшан гаштааст, ки беш аз 80 фоиз таҳти хушунати хонаводагӣ қарор гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG