Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Агроаксияи Олмон" занони Раштро кор меомӯзад


"Агроаксияи Олмон" нахустин созмони хориҷист, ки соли 1995 фаъолияти худро дар водии Рашт оғоз кардааст. Баҳром Рустамов, афсари саҳроии созмони мазкур дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ иброз дошт, дар ҳоли ҳозир ҷиҳати коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва пешгирию рафъи ҳодисаҳои табиӣ дар ин минтақа фаъолият мебаранд. Тавре ҷаноби Рустамов мегӯяд, барномаи коҳиши сатҳи камбизоатӣ аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад ва дар панҷ самт: обёрии замин, азхудкунии заминҳои нав, таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, ташкили корхонаҳо ва рушди тиҷорати хурд равона шудааст. Мусоҳиби мо дар робита ба ҷалби занони камбизоат ҷиҳати рушди тиҷорати хурд мегӯяд, барои занҳо ин маблағ бебозгашт аст:
"Дар навбати аввал ба 10 зан бо маблағи 900 сомони қарз дода шуд, ки онҳо сари ҳар як моҳ 150 сомонӣ месупоранд ва аз ин боз дигар заноне ки дар навбат истодаанд, маблағ дарёфт хоҳанд кард."


Ҳадябону Набиева як сокини Рашт мегӯяд, бо кӯмаки "Агроаксияи Олмон" тавонистааст, соҳибкориро пеша намояд. Ибодат Салоҳова, афсари саҳроӣ дар бахши занони ин созмон гуфт, онҳо ҷиҳати касбомӯзии занону духтарон низ иқдомотеро пеш гирифтаанд. Тозатарин намуна, даъвати муаллимаи сабадбоф аз ноҳияи Рӯдакӣ ба Рашт будааст, ки ба духтарони хонанишин ин ҳунари қадимаро биёмӯзонад. Фирӯза Саломатшоева, як нафар ҳунаромӯз дар робита ба ин мегӯяд, "мо духтарони хонашин мехоҳем ҳунари сабадбофиро ёд гирем ва ин ҳунарро дар ноҳия паҳн кунем"
XS
SM
MD
LG