Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи як шаҳрванди чиноӣ


Додситонии кулли Тоҷикистон тафтиши парвандаи ҷиноии шаҳрванди Чин, Ван Тянхаоро, ки моҳе қабл ба сафорати Ҳиндустон дар Душанбе ҳамла кардааст, шурӯъ намуд. Тавре аз додситонии кулли кишвар ба Радиои Озодӣ хабар доданд, Ван Тянхао ҳангоми гузаштан аз назди бинои намояндагии Ҳиндустон дар Душанбе, тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда, шишаю лавҳаи эълону маълумоти сафоратхонаро шикастааст. Хосият Дадаҷонова, корманди бахши таъминоти ҳуқуқии додситонии кулл мегӯяд, баъдан ӯ кирдорҳои авбошонаи худро идома дода, вориди сафоратхонаи Ҳиндустон мешавад ва дар дохили сафоратхона низ дағалона тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда, нисбат ба кормандони сафоратхона беэҳтиромӣ зоҳир намудааст ва бо посбони сафоратхона Ваҳҳобов Олимҷон муноқиша мекунад.


Хосият Дадаҷонова афзуд, Ван Тянхао, шаҳрванди Чин ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ муттаҳам ва нисбат ба вай парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шудааст. Ва аммо дар сафорати Ҳиндустон дар Душанбе бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфтанд, ин қазия ҷанбаи сиёсӣ надошта, нафаре аз кормандони сафорат зарари ҷисмонӣ надидааст. Ҳаҷми хисороти ворида аз авбошии шаҳрванди Чинро дар намояндагии дипломатии Ҳиндустон рӯшан накарданд. Дар ҳамин ҳол, ҷаноби Тсюи, сухангӯи сафорати Чин дар Душанбе дар бораи ин ҳодиса изҳори ноогоҳӣ кард ва гуфт, ҳеҷ як мақоми интизомии Тоҷикистон кормандони сафорати Чинро аз ин қазия то ба ҳол дар ҷараён нагузоштааст.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG