Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ЧАТмания дар Тоҷикистон


Ба гуфти масъулини марказҳои интернетии пойтахт дар Тоҷикистон ғолибан ҷавонон интернетро бо ҳадафи муошират ё сӯҳбатҳои интернетӣ дар чатхонаҳо истифода мекунанд. Теъдоди аъзами дӯстдорони чатро ҷавонони бекор ва кормандони созмонҳои хориҷӣ ташкил медодаанд. Имрӯз, ҷавонони тоҷикро утоқи муоширати «Тоҷикистон - шедрая душа»-и саҳифаи интернетии mail.ru сарҷамъ мекунад. Шумори меҳмонони чатхонаи тоҷикон чунон зиёд аст, ки бегоҳирӯзӣ зиёда аз 100 нафар ба якборагӣ сӯҳбат мекунанд. Юсуфҷон, созмондиҳандаи утоқи «Тоҷикистон - шедрая душа» мегӯяд, одатан, ҷавонон барои вақтгузаронӣ ё пайдо намудани дустдоштаҳо, вориди чатхонаҳо мегарданд.
«Ники ман Ҷозеф аст, аввал утоқҳои гуногун таъсис медодам, барои мисол «Тоҷикистон - Ҷозеф хуш омадед!»- ро созмон додам баъд «Тоҷикистон шедрая душа»-ро. Дар чат мо сӯҳбат мекунем. Ҳоло чат чунон маъмул аст, ки ҳатто хонандагони мактабҳои миёна аз он истифода мекунанд.»

Мусоҳибам Мадина, ки 1 сол мешавад ҳамарӯза бо тахаллуси «Дина» дар чат сӯҳбат мекунад, гуфт, баъзан мусоҳибоне пайдо мешаванд, ки суханони қабеҳ ё фаҳш менависанд.
«Дар чат дашном додан хуб нест, зеро ҳамроҳатон касе гап намезанад. Бисёр одамон дар чат ҷанг мешаванд ё якдигаррро таҳқир мекуннад, ки ба назри ман ин кори нағз нест.»

Барои пешгирӣ намудани дағаливу бетамизӣ ва таъмини шароити хуби муошират муҷрӣ ё модератороне амал мекунанд, ки онҳо сӯҳбатҳои меҳмонони чатхонаҳоро ба танзим медароранд.Яъне, агар шумо ҳангоми сӯҳбат маро дашном диҳед ҳатман аз утоқ ронда мешавед. Юсуф меафзояд:
«Мешавад, ки аз 1 соат то 1 моҳ шахсро аз чатхона биронанд. Шахси ронда шуда дар ин муддат агар бо дигар нишонии электориниаш ба чат надораяд дигар даромада наметавонад.»

Ба андешаи равоншиносон истифодаи бенизоми бозиҳои компютери ва сӯҳбатҳои интернетӣ ба як одати ҳамешагӣ бадал меёбад. То ҳадде, ки шахсони одаткарда ҳатто тамоми рузашонро паси компютер сипарӣ мекунанд. Аз мусоҳибонам Мадина ва Юсуф мепурасам, ки агар як руз дар чат сӯҳбат накунанд, онҳоро чӣ эҳсосоте фаро мегирад?
"-Агар ман як руз дар чат сӯҳбат накунам, асабӣ мешавам, бо аҳли оилаамон ҷанг мекунам. Бе чат ман зиқ мешавам.
-Дар як шабонарӯз ман 1- 3 соат хоб мерафтам. Ҳатто чизе намехурдам ва танҳо ҳушу ёдам дар компютер буд. Ҳатто ба ҷойи ҳамкоронам шабҳо ҳам кор мекардам."


Маҳз ҳамин вобастагии равонии ҷавонон боиси он мегаштааст, ки баъзан шахсони алоҳида ва ё гурӯҳҳои махсус бо таблиғоти сиёсиву диннӣ ва фарҳангӣ ба зеҳнашон таъсир мерасонанд. Оятулло, корманди маркази интернетии шаҳри Душанбе ва истифодабарандаи чат мегӯяд:
«Ба ғайр аз сӯҳбат чунин ба назр мерасад, ки шахсони гуногун молҳои худ ё ягон барномаҳои консертиашонро реклама мекунанд. Боз мешавад, ки таблиғоти динӣ мекунанд. Чунки ҳоло динҳои гуногун амал мекунад ва ҳар яке мехоҳад ба равияашон одамони зиёдро ҷалб кунад.»

Аммо Толиб Розӣ, мутахассиси ду мактаби омузиши компютерӣ бар он назар аст, ки тарғибу ташфиқ дар чатхонаҳо чандон ҳадафрас нестанд.
«Он ҷавононе, ки дар чат сӯҳбат мекунанд, аксари онҳо аз ин чизҳо дуранд. Лекин мешавад, ки бо роҳи фанду фиреб ба онҳо таъсир расонид. Таблиғот дар онҷо маҳдуд аст, зеро дар чат акс ё тасвир нест танҳо якчанд калима мухтасар менависед.»

Лекин ҷавонони мусоҳибам мегӯянд, ошиқони интернетӣ чунон ба ҳам рағбат пайдо мекунанд, ки ҳар як шарту хоҳиши дӯстдоштаи ғоибашонро иҷро мекунанд. Барои мисол, одатан муҳасилини кишварҳои арабӣ ё Эрон аз духтарон пушидани руймолу либосҳои миллӣ ва ё дар вақти мӯайян дар хона ҳозир шуданро талаб мекардаанд.
XS
SM
MD
LG