Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Ҷумъабой Толибов ва ҳамсараш Санавбар шурӯъ шуд


Рӯзи душанбе, 11 июл додгоҳи ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ба муҳокимаи парвандаи хабарнигор ва мудири шӯъбаи ҳуқуқи ҳукумати ноҳияи Айнӣ Ҷумъабой Толибов шурӯъ кард. Ҷумъабой Толибовро айни пешин ба додгоҳ эҳзор карданд ва ба ин далел муҳокимаи вай то шоми идома дошт.
Ҷӯрабек Сангинов, қозии мурофиа ибтидо айбномаи додгоҳ нисбат ба Ҷумъабой Толибовро эълон дошт ва гуфт, ки вай ба авбошӣ, берун пой ниҳодан аз ҳадди ваколати хидматӣ ва ба нақзи асли дахлнопазирии манзил муттаҳам мешавад. Маълум шуд, ки ин парванда дар баробари худи Ҷумъабой Толибов ба ҳамсари вай - СанавбарТолибова - низ дахл доштааст ва хонум Толибова ҳам дирӯз дар баробари шавҳараш ба додгоҳ эҳзор шуда буд. Аммо Ҷӯрабек Сангинов, қозии додгоҳи ноҳияи Шаҳристон гуфт, Санавбар Толибова ба фарқ аз шавҳараш ба нақзи танҳо як банди қонуни ҷиноӣ, яъне таҳқири афрод муттаҳам мешавад.


Додгоҳи рӯзи душанбе ба бозпурсии ҳарду муттаҳам ва нафароне, ки дар иртикоби ин парванда ҷабрдида шинохта шудаанд, шурӯъ кард. Ҷумъабой Толибов зимни посух гуфтан ба пурсишҳои додгоҳ гуфт, таъқибу боздошт ва ба додгоҳ кашида шудани вай натиҷаи интиқоми ғайримустақими мақомоти умури дохила ва додситонии ноҳияи Айнӣ дар посух ба матолиби интиқодиест, ки ӯ дар бораи фаъолияти мақомоти интизомии ноҳия дар матбуоти кишвар, аз ҷумла дар рӯзномаҳои расмии "Садои Мардум" ва "Минбари Халқ" нашр карда буд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, аз ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд
XS
SM
MD
LG