Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зӯрхона рӯзи чоршанбе боз мешавад


Зӯрхонаи «Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ» дар шаҳри Душанбе рӯзи чаҳоршанбеи 13 июли соли равон кушоиш меёбад. Фарид Солеҳов, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин аввалин зӯрхона дар Тоҷикистон аст, ки бо кӯмаки Эрон сохта шуд. Вай афзуд, дар маросими ифтитоҳи зӯрхонаи «Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ» -и шаҳри Душанбе мақомоти олирутбаи Эону Тоҷикистон, минҷумла ноиби раисиҷумҳури Эрон ва раҳбари Созмони тарбияи бадани Эрон Мӯҳсини Меҳрализода ширкат хоҳанд кард. Сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон гуфт, ҳангоми сафари чаҳоррӯзаи меҳмонони эронӣ ба Тоҷикистон чанд созишнома дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаи варзиш миёни ин ду кишвар низ ба имзо хоҳанд расид.


Ва ҳоло як хабар барои мухлисони футбол. Тимҳои футболи «Ваҳдат»-и Ваҳдат ва «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа дар даври дуввуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи аввал пирӯзӣ ба даст оварда, бо шаш имтиёз дар садри ҷадвали бозиҳо қарор гирифтанд. Ваҳдат» дар майдони худ тими «Фархор»-и Фархорро бо натиҷаи 4 бар 1 мағлуб кард. "Тоҷиктелеком» дар меҳмонӣ тими «Меҳнат»-и Колхозободро бо натиҷаи 2 бар 1 шикаст дод. Тими «Ҳулбук»-и Восеъ, ки дар майдони худ бар дастаи «Гвардия»-и Душанбе бо натиҷаи 2 бар 1 пирӯз шуд, бо 3 имтиёз мақоми севвумро ишғол мекунад. Бозиҳои даври севвуми мусобиқа рӯзи шанбе, 16 июл баргузор мешаванд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе.
XS
SM
MD
LG