Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

50 000 доллари амрикоӣ аз Амрико барои ҳифзи ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон


Сафорати Амрико дар Душанбе ҷиҳати ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ҳудуди 50 ҳазор доллар ихтисос додааст. Ин маблағ барои ду бурс дода шуда, дар навбати аввал зиёда аз 19 ҳазор доллари Иёлоти Муттаҳида барои тамдиди мӯҳлати амалкарди ёдгории нодири қарни нӯҳум - Мадрасаи Хоҷа Машҳад дар ноҳияи Шаҳритус масраф хоҳад шуд. Музаффар Азизов, сардори нозироти ҳифзу тармими ёдгориҳои вазорати фарҳанг мегӯяд, айни ҳол, вазорати фарҳанг наздики ҳазору нӯҳсад ёдгории фарҳангиро дар кишвар сабти ном кардааст, вале аксари ёдгориҳои бостониву меъморӣ ҷое қисман ва ҷое куллан тахриб шудаанд. Ба қавли ҷаноби Азизов, ин ки дар ҳоли ҳозир ҳамагӣ 14 ёдгории меъморӣ мавриди тармим қарор гирифтааст, масъулинро қонеъ намесозад. Ӯ гуфт, ҷиҳати эмин нигаҳ доштани ин ёдгориҳо аз офоти табиӣ ягон чораҷӯӣ намешавад ва дар ин робита нозироти ҳифзу тармими ёдгориҳои Тоҷикистон тасмим дорад, феҳрасти мукаммал ва гувоҳномаи ҳолати техникии онҳоро рӯйи даст орад. Ниҳоди мазкур бо дастгирии молии сафорати Амрико як китоби маълумот пиромуни 700 иншооти фарҳангии Тоҷикистонро таҳия мекунад. Ин китоб харитаи ҷойгиршавӣ ва аксҳои ёдгориҳои водии Рашту Ҳисор ва минтақаи Хатлонро фарогир хоҳанд буд. Аммо ба гуфтаи Музаффар Азизов, бештари вайронкориҳо дар нисбати ёдгориҳои меъморӣ сурат мегиранд, ки ин аз беэътиноии ҳукуматҳои маҳаллӣ сар мезанад. Музаффар Азизов мегӯяд, барои пешгирии ин ҳолат лоиҳаи нави қонун дар бораи ҳифзу истифодаи иншооти мероси таърихию фарҳангӣ таҳия шуда ва аз ҷониби ҳукумати кишвар тасдиқ гардид. Оқои Азизов бар он аст, ки дар ҳоли тасдиқи ин қонун аз ҷониби парлумони кишвар, куллия мушкилоти соҳавӣ ҳалли худро хоҳанд ёфт.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG