Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷопон барои йодноккунии намакҳои Тоҷикистон сесад ҳазор доллари амрикоӣ медиҳад


Ҳукумати Ҷопон ҷиҳати роҳандозии як барномаи вижаи соҳаи беҳдоштии Тоҷикистон оид ба йодноккунии намак сесад ҳазор доллари амрикоиро дар ихтиёри Вазорати тандурустии Тоҷикистон гузоштааст. Абдусалом Воҳидов, ҳамоҳангсози барномаи миллии «Беҳбудёбии ғизои модару кӯдак дар Тоҷикистон» дар робита ба ин мавзӯъ ба радиои Озодӣ гуфт, тибқи ин барнома аз Амрико ба Тоҷикистон йод ворид карда мешавад. Вай мегӯяд, ҳарчанд бо кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ як силсила корҳое дар самти йодноккунии намак анҷом ёфтаанд, аммо мутаасифона мардуми камбизоати кишвар ҳамоно аз намаки бейод, ки арзишаш аз намаки йоднокшуда арзонтар аст, истифода мекунад ва ин боиси густариши бемории ҷоғар ва камхунӣ дар миёни аҳолӣ, бахусус занону кӯдакон гаштааст. Ҷаноби Воҳидов мегӯяд, ҳарчанд тибқи фармони ҳукумат фурӯши намаки бейод қатъан манъ аст, аммо ҳанӯз ҳам дар ин самт қонуншиканиҳо ба чашм мерасанд: «Масалан, чанде пеш сардухтури маркази санитарӣ - эпидемиологии вилояти Хатлон ба мо хабар дод, ки дар бозори марказии шаҳри Қурғонтеппа як фурӯшанда беш аз 40 кило намаки бейодро ба мардум фурӯхтааст ва дар ҳоли ҳозир нисбати вай додситонии вилояти Хатлон парвандаи ҷиноӣ боз намудааст."


Тибқи як тадқиқоти ахири расмӣ, 63 фоизи занону кӯдакони кишвар бар асари истеъмоли намаки бейод, мубталои бемории ҷоғар гаштаанд, ки аксари онҳо сокинони вилояти Хатлон будаанд. Зимни як назарсанҷии созмонҳои байналмилалӣ рӯшан гаштааст, ки дар Суғд 67 дар сад, дар Бадахшон 85 дар сад, аммо дар Хатлон танҳо 12 дар сади аҳолӣ аз намаки йоднокшуда истифода мекунад.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG