Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аслиддин Соҳибназаров аз дунё чашм пӯшид


Аслиддини Соҳибназар, ки дар миёни ҳамсафон ва ҳаводоронаш ба унвони пайкараи озодӣ низ ёд мешуд, субҳи рузи душанбеи 11 июл баъди бемори тулонӣ дар синнни 66 солагӣ даргузашт. Аслиддин Соҳибназар муҳимтарин муҳра дар рӯёрӯиҳои оғози истиқлол миёни режим ва ҳаракатҳои озодихоҳӣ буд. Соҳибназаров ҳатман парвардаи низом ва ҳизби коммунист буд, вале бо фароҳам шудани шароит барои қад алам кардани нерӯҳои миллӣ дар пешопеши ин нирӯҳо қарор гирифт ва аз шахсиятҳои муҳим ва калидии миллӣ дар замони ба истиқлол расидани Тоҷикистон шуд. Аслиддин Соҳибназаров баландтарин ва танҳо мақоми давлатӣ дар ҷумҳурии ба истиқлолнарасидаи Тоҷикистон буд, алайҳи низом ва адами адолати иҷтимоӣ дар низоми вақт баланд шуд ва дар аз пешмадони истиқлоли миллӣ ва озоди ватан шуд.
Аслиддини Соҳибназар солиёни зиёд раёсати муҷтаъмаи кишоварзии ҷумҳурӣ, муовинати вазорати кишоварзии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт ва то замони бозсозӣ дар ҷумҳурӣ ба унвони як марди мутахассиси варзидаи кишоварзӣ ва ҳақшинос маълум буд. Аз он ҷо, ки ӯ ҳамзамон раёсати идораи колхозҳо ва совхозҳоро бар ӯҳда дошт, дар миёни мардуми деҳот шинохта буд. Ва бо шурӯъи бозсозӣ ӯ ба як шахсияти ҳақталоши миллӣ табдил шуд. Баъдан, ба унвони муовини аввали сарвазир, Раиси бонки миллӣ ва узви раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон низ дар замони ҳукумати муросои миллӣ мансуб шуд. Ӯ дар интихоботи соли 1991 раёсати ҷумҳурӣ ба унвони номзад ба муовинати раёсати ҷумҳурӣ ҳамроҳ ба Давлати Худоназар ширкат варзид. Интихоботе, ки бо пирӯзии мухолифони нирӯҳои демократӣ ва дубора ба қудрат баргаштаи комунистҳо анҷом шуд ва заминагузори ихтилофоти ва муноқишоти дохилӣ шуд. Аслиддин Соҳибназар то замони бознишаста шуданаш дар чор соли пеш муовини раиси кумитаи молиёти Тоҷикистон ва то вопасин лаҳзаи ҳаёташ муовини раиси ҲДТ буд.

Аслиддин Соҳибназаров дар нахустин ва ягона интихоботи озод ва демократии Тоҷикистон дар соли 1990 ёздаҳ нафар, аз ҷумла намояндагони ҳизби ҳокими коммунистиро шикаст дода ва вакили охири порлумони шӯравии Тоҷикистон интихоб шуда буд. Аммо то рӯзи маргаш се бори дигар вориди муборизаи интихоботӣ шуд, вале дигар имкони пирӯзии у салб шуда буд. Аслиддин Соҳибназаров танҳо пешвои муҳими мухолифини ҳукумат буд, ки бо сари қудрат расидани ҷабҳаи мардумӣ ё фронти халқӣ ва бидуни додгоҳ ва муҳокима кушта шудани садҳо тан ҷонибдорони мухолифин Тоҷикистонро тарк накард. Ба иқрори худаш, танҳо се моҳ дар кӯҳҳои атрофи Душанбе бо ҷамъи муҷоҳиддин паноҳ бурда буд. Ва ҳатто аз телевизони давлатӣ гуфт, то замоне, ки ҳазорон тоҷик дар кӯҳҳо ба сар мебарад ва фирорӣ аст, ҳеҷ гуна интихобот машрӯъият надорад. Вале агар ҷаноби Кабирӣ мегӯяд, марги оғои Соҳибназар яке аз талхтарин рӯзҳои зиндагии вай дар чанд соли охир аст, вале барои худи Аслиддин шояд талхтарин ёд надидани натиҷаи мубориза ва талошҳояш буд. Талоши расидан ба ҷомеаи озод ва маданӣ ва низоми демукросӣ. Аммо ин ҳама ҷасорат ва талош оё ба хок рафт.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG