Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сулҳ - маҳсули талошҳои кист?


Дар сармақолае ба ин муносибат, ки таҳти унвони "Интизорӣ бадтар аз марг буд" ба нашр расидааст, «Нерӯи Сухан" таъкид намудааст, мутаваққиф сохтани нашри ҳафтанома дар панҷ моҳи сипаришуда кори афроде буд, ки ба ҷои ислоҳи худ баъд аз баромадҳои интиқодомез бо тамоми тавон кӯшиданд, то ҳафтаномаи мазкур аз фаъолият бозмонад. Вале ҳамин афрод, афзудааст «Нерӯи Сухан», дар нишасту ҳамоишҳои бонуфуз бо сӯиистифода ва дастак кардани номи ин нашрия аз озодии матбуот ва равандҳои мардумсолорӣ дар Тоҷикистон сухан мегӯянд.

«Тоҷикистон», нашрияи мустақили хабариву сиёсӣ дар матлабе бо номи "Рӯҳи тоҷиконаи Эмомалӣ Раҳмонов миллатро ба ҳам овард" аз нақши калидии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон ва таъмини ваҳдати миллӣ дар кишвар сутудааст. Ба навиштаи «Тоҷикистон», кӯшишҳои пайдарпай, талошу бедорхобиҳои Эмомалӣ Раҳмонов миллати тоҷикро аз вартаи ноумедӣ раҳо ва онро ба якдигарфаҳмӣ овард.

Аммо «Наҷот», нашрияи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз мавзеъ ва баҳогузории яктарафаи мақомоти давлатӣ нисбат ба сулҳ ёдовар шуда аз нодида гирифтани саҳми собиқ мухолифин, бахусус раҳбари он ва раиси Комиссияи Оштии Миллӣ, Сайид Абдуллои Нурӣ интиқод намудааст. Қонуни афв - санади ҳамдигарбахшии тарафҳои даргир 8 сол қабл бо баимзорасии худ кинаҳоро аз дил берун намуд, аммо имрӯз иддае аз курсинишинони ҳукуматӣ таъкид намудаааст «Наҷот», бархилофи ин санади таърихӣ дар талоши онанд, ки нақши раҳбари собиқ мухолифин Сайид Абдуллои Нуриро дар бадаст омадани сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон камранг ҷилва диҳанд.

Рамазон Абдулатифов, сафири нави Русия дар Тоҷикистон зимни мусоҳибаи ихтисосии худ бо ҳафтавори русизабони «Бизнес и Политика» гуфтааст, Русия пеш аз ҳама хоҳони барқарории амният дар Тоҷикистон аст. Ҷаноби Абдулатипов бо радди ин матлаб, ки гуё Русия суботро дар Тоҷикистон бар демокросӣ тарҷеҳ медиҳад, афзудааст, барқарории субот дар ҷомеа рушди равандҳои демокросиро дар ҳар кишвар тазмин мебахшад.
XS
SM
MD
LG