Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми мусобиқаи байналмилалии тенниси рӯи миз дар Душанбе


Мусобиқаи интихобии минтақаи Осиёи Марказӣ оид ба тенниси рӯи миз байни наврасони синнашон то 18-сола дар шаҳри Душанбе бо пирӯзии тимҳои мунтахаби занонаю мардонаи Эрон ба поён расид. Дар ин мусобиқа, ки бо ибтикори Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон ва дастгирию кӯмаки Иттиҳоди тенниси рӯи мизи Осиё дар толори бозиҳои дастии пойтахти Тоҷикистон тайи се рӯз идома кард, ба ҷуз мизбонон теннисбозони ҷавони Эрону Афғонистон ширкат доштанд. Тими занонаи Эрон мақоми аввалро касб кард. Ҷойҳои дуввуму саввум мутаносибан насиби дастаҳои якум ва дуюми мунтахаби занонаи Тоҷикистон гардид. Миёни мардон низ айнан ҳамин натиҷа ҳосил шуд. Дастаи мардонаи Эрон ҷои якум ва дастаҳои якуму дуюми мардонаи Тоҷикистон ҷойҳои дуввум ва саввумро гирифтанд.
Дар рақобатҳои инфиродӣ танҳо теннисбозони ҷавони Тоҷикистон ширкат варзиданд. Екатерина Ишенко аз Ҳисор мақоми аввалро касб кард. Варзишгарони хуҷандӣ Азиза Қориева мақоми дуввум ва Парвина Расулматова мақоми севвумро ишғол намуданд. Дар рақобатҳо миёни ҷавонмардон теннисбозони Хуҷанд се мақоми аввалро касб карданд. Афзал Маҳмудов ғолиби мусобиқа гардид. Акрам Додобоев ва Ҳомидҷон Масаидов мутаносибан мақоми дуввуму севвумро ба даст оварданд.
Бар асоси низомномаи мусобиқа тимҳои мардонаю занонаи Эрон барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни наврасон,ки аз 23 то 28 июл дар Ҳиндустон баргузор мешавад, роҳ ёфтанд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе.
XS
SM
MD
LG