Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вокуниши сафорати Амрико дар Душанбе ба пешниҳоди Созмони ҳамкориҳои Шанхай


Сафорати Амрико дар Душанбе дар вокуниш ба пешниҳоди Созмони ҳамкориҳои Шанхай гуфтааст, ки пойгоҳҳои ин кишвар дар минтақа бо ризоияти комили ҳукуматҳо таъсис шуда ва то замоне фаъол хоҳанд буд, ки ҳар яке аз кишварҳои минтақа ин пойгоҳҳоро чун омили таъмини амнияти миллии худ мешуморад. Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар баёнияи ахири худ аз кишварҳои узви эътилофи байналмилалии зидди террористӣ ба раҳбарии Амрико хоста буд, ки бо муҷарради ба ниҳоят расидани амалиёти зидди терроризм дар Афғонистон ва истиқрори субот дар ин кишвар, замони хуруҷи пойгоҳҳояш аз кишварҳои минтақаро мушаххас кунад. Аммо сафорати Амрико дар Душанбе зимни баёнияи худ гуфтааст, бо вуҷуди он ки пешрафтҳои муҳиме ҳосил шуда ва заминаи эҷоди як давлати демкратӣ дар Афғонистон фароҳам шудаст, аммо боз ҳам барои таъмини амният ва субот дар саросари қаламрави ин кишвар кори зиёде мебояд анҷом дод.


Ин дар ҳолест, ки кишвари Узбакистон хостори пардохти махориҷи истифода аз фурӯдгоҳи Хонобод тавассути Амрико шудааст. Амрико аз соли 2001 ба ин ҷониб бештар аз ҳазор сарбози худро дар ин пойгоҳ мустақар карда ва аз ин пойгоҳ ба манзури икмоли нирӯҳояш дар Афғонистон истифода мекунад. Амрико ҳамчунин дар Қирғизистон, яке дигар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай низ пойгоҳи низомӣ дорад. Ду кишвари Узбакистон ва Қирғизистон ва инчунин Тоҷикистон узви эътилофи зидди террористӣ низ мебошанд. Масъалаи берун кашидани нирӯҳои Амрико аз минтақа ба дунболи вуқӯъи инқилобҳои рангин дар қаламрави шӯравии пешин ва пуштибонии Ғарб аз ин инқилобҳо ва ҳаводиси ахири Андиҷони Узбакистон матраҳ мешавад.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG