Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги шоираи бистарӣ


Ҷилликӯл Баъд аз 29 соли маризӣ, Ширинмоҳ Каримова, шоираи маълули тоҷик, узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон дар синни 49 солагӣ аз олам даргузашт.

Чаҳор моҳ қабл радиои «Озодӣ» меҳмони ин шоираи маълул гаштаву сӯҳбати вижаеро анҷом дода буд. Он замон падари 95 солаи хонум Ширинмоҳ, бобои Изаттулло Каримов дар ҳузури ин шоираи маълул, ки таий 10 соли ахир ҳамчунин аз шунидан низ маҳрум гашта буд, дар мавриди зиндагии фарзанди худ гуфт:
"Як рӯз аз сари киштзор баргашта гуфт падар пойҳоям дард мекунад. Гуфтам шояд аз болои мазор гузаштӣ. Ба бемористон бурдамаш ва юа дунболи ин дар бемористон тӯлонӣ бистарӣ гаштани ӯ шурӯъ шуд. Дар Қарияи Боло хоб кард, дар Мачитон хоб кард, дар Медгородок хоб кард. Аммо дигар бад шуд ки беҳ нашуд, ҳарчанд талоши зиёд кардам. Баъд аз ин ману модарашу ҳамин Ширинмоҳ мондем. Баъди ҳами 28 сол мешава, ки ҳамин хел бистарӣ аст."

Бобои Иззатулло мегӯяд, Ширинмоҳ ҳамчунин шомили омӯзшгоҳи беҳдоштии Қӯрғонтеппа будааст, вале бо иллати маризӣ натавонистааст, ин мактаби пизишкиро хатм кунад. Хонум Ширинмоҳ дар он сӯҳбат мавриди барои бори аввал хома ба даст гирифтани худро ёд овард ва аз навиштаҳояш сӯҳбат кард:
"Соли 1975 мактаби миёнаро хатм кардам. Ба олами шеър хеле дер рӯ овардам, чунки то ин дам бо китобҳои тиббӣ Сару кор доштам ва мехостам пизишк шавам. Соли 1982 аввалин шеърам дар рӯзнома Чоп шуду садоям аз радио, аз барномаи занон садо дод. То ба имрӯз бо расонаҳои ахбори омммаи Тоҷикиситон Сару кор дорам, махсусан бор радиову телевизион, зеро хонандаи маро ин ду воситаи ахбор афсун кардааст. То имрӯз ду маҷмуаи шеър ба табъ расонидаам. Яке дар навниҳолони боғи адабиёт бо номи «Шохаи гули шикаста» , дар нашриёти адиб ва дигаре бо номи «Аламреза»дар нашриёти садаи Кӯлоб. Маблағ ёфт шавад китобҳо ҳаст Чоп мекунам."

Вале қисмат ба ӯ дигар имкон фароҳам наовард дар зиндагӣ дигар як ашъори худро мунташир ба шакли китоб бубинад. Дар иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, ки хонуми марҳум чанд моҳ қабл ба узвияти ин иттиҳод пазируфта шуда буд, аз марги ӯ дер огаҳӣ ёфтанд ва бо таассуф аз ӯ ёдовар шуданд. Абдулҳамид Самадов, муовини раиси иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон дар мавриди истеъдоди офарандагии ӯ гуфт:
"Вай аслан ҳунар дорад, завқ дорад масалан мегӯяд, «ман он зулфи суманбуро ба чанги бод хоҳам дод». Бисёр зебо мегӯяд, ҳарчанд шеъраш аз нигоҳи вазну қофия каму беш ғалатҳо низ дошт, вале ин истисност. Ду китобаш ба чоп расидааст. Ба ҳар сурат ин истеъдоди мо аст, духтараки тоҷик ки дар бистари маризӣ шеър мегуфт. Бо ҳамин роҳи эҷод умрашро то ин чанд рӯз пеш дароз карда буд. Дар навиштаҳояш бисёр чизҳои аҷиб низ зиёд аст, образҳои аҷоиб аст, тасвирҳои аҷоиб аст, ҳасби ҳоли худаш аст."

Аз манзили шоираи марҳум, тавре ӯ мегуфт, бештарин аҳли адабу сиёсати давр, навқаламону соҳибдевонҳо ва ҳукуматдорони маҳал дидан кардаанд, бо ӯ дар сӯҳбат будаву дар он кулбаи фақирона базми шеър оростаанд. Ҳукумати Хатлон ҳатто барои ӯ як манзили зист бунёд кардааст, вале тавре худи хонум мегуфт, дар он хона ҳатто як рӯз ҳам назистааст.

Аммо бо ин ҳама хонуми марҳум Ширинмоҳ то дами марг аз зиндагӣ дилмонда набуд ва дар офаридаҳояш низ аз навмедӣ сӯҳбат намекард:

Шукрона дар ин ҷаҳон мебояд кард,
Ношукрии ину он намебояд кард,
Наврӯзи хуҷиста гар насиби ту нашуд,
Тоқат ба дайю хазон мебояд кард.
XS
SM
MD
LG