Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Инсон агар ба хиради худ такя кунад, ҷисм дигар аҳамият надорад"


"Ман ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода нестам. Агар одам ақли расо надошта бошад, пойи равон ба дардаш намехӯрад."

Ин суханони Шарифа Сафарова, маъюби дараҷаи аввал аст,ки бар асари бемории фалаҷ аз ду пой маҳрум гаштааст ва бо аробача ҳаракат мекунад. Хонум Шарифа мегӯяд, модари танҳои ду фарзанд аст ва понздаҳ сомонӣ нафақапулӣ мегирад, аммо рӯҳафтодагӣ ва бекориро, ки метавонад боиси шикаст хӯрданаш дар баробари зиндагии сангин гардад, қабул надорад. Вай ба хайётӣ, қаннодӣ ва заргарӣ машғул шуда, ризқу рӯзии худу фарзандонашро пайдо мекунад.

Мо бо Шарифа дар ҳамоиши маъюбони Тоҷикистон, ки бахшида ба рӯзи маъбони кишвар дар ноҳияи Ваҳдат, сӣ километрии шарқи пойтахт баргузор гашт, вохӯрдем. Соли дуввум аст, маълулони кишвар рӯзи вижаи худро мутантан таҷлил мекунанд. Имрӯз низ дар яке аз мавзеъҳои хушманзари ноҳияи Ваҳдат сари дастурхони идона ҷамъ омаданд ва ҳатто дар ҳавои мусиқӣ онҳое ки имкони роҳ рафтан доштанд, рақсиданд.

Асадулло Зикрихудоев, раиси ҷамъияти маъюбони Душанбе мегӯяд, дар шаҳри Душанбе ҳудуди 10 000 маъюб ба сар мебарад ва беш аз ҳафт ҳазори онҳо узви ҷамъияти маъбони пойтахт мебошанд. Ҷаноби Зикрихудоев мегӯяд, аз ин миён танҳо 60 фоиз бо кӯмак ва пуштибонии хешу наздикон фаро гирифта шудаанд, аммо 40 дар сад бошад, дар ҳолати фақр қарор доранд.
"Агар ба қонуни иҷтимоии маъюбон назар кунем, ҳама чиз дар он инъикос ёфтааст,аммо афсус, ки он иҷро намешавад. Агар иҷро шавад, 50 дар сади мушкилоти маъюбон ҳал мешавад."

Дар сӯҳбат бо мо, аксари маъюбон аз шароити мушкили зиндагӣ ва набуди имтиёзҳо дар пардохти андоз аз замин, хонапулӣ ва хидматрасонии коммуналӣ, ба монанди пули газ, барқ ва об изҳори норозигӣ карданд.
"Ману шавҳарам маъюбем ва 40 сомонӣ нафақапулӣ мегирем, аз мо пули газу барқро пурра мегиранд. Намедонем ин пулро ба онҳо диҳем, хӯрока ва либос харем?"

Асадулло Зикрихудоев, раиси ҷамъияти маъюбони Душанбе мегӯяд, дар ин шароити душвори иқтисодӣ, ки ҳукумат ва ҷомеъаи Тоҷикистон қарор дорад, беҳбудёбии шароити моддии маъюбон ба худи онҳо, ба нерӯ ва дониши эшон бастагӣ дорад. Вай гуфт, метавонад даҳҳо нафарро аз миёни маъюбон номбар кунад, ки бо истифода аз ҳунар ва заҳмати хеш вазъи рӯзгори худро беҳбуд бахшидаанд.

Саттор Сангинов, маъюби дараҷаи аввал, собиқ ронандаи таксӣ мебошад. Даҳ сол қабл, аз зарби корди авбошон, сутунмӯҳрааш ҷароҳат бардошта, пойҳо ва як дасташ аз кор мондааст. Ҷаноби Сангинов мегӯяд, вай як майдони санглохро тозаву кишт карда дар он шашсад дарахти мева шинондааст. Ӯ мегӯяд, ин дарахтон азизони ӯянд ва ҳангоме онҳоро нигоҳубин мекунад ва бо онҳо сӯҳбат мекунад, дарди дасту пой ва ғами ду писари ҷавонмаргашро осонтар таҳаммул мекунад.

Саидҷаъфар Саидов, раиси ҷамъияти маъюбони шаҳри Норак шеър мегӯяд ва мехоҳад ба қарибӣ маҷмӯаи ашъорашро ба дасти чоп диҳад.

Фотима Боева, сокини шаҳри Душанбе бо ду асобағал ҳаракат мекунад. Вай мегӯяд, ҳаргиз бо 12 сомонии нафақапулӣ қаноат накарда кор мекунад ва шикоят карданро дӯст намедорад, зеро шикоят бурдан назди ҳар кас ва ё талбандагӣ карданро ӯ нишони беҳунарӣ ва беиродагӣ медонад. Хонум Фотима мегӯяд, овозхониро дӯст медорад ва орзу дорад, сарпарасте пайдо намуда албоми сурудҳои худро сабт намояд.
Сафаргул Олимӣ, Ваҳдат - Душанбе


"Инсон агар ба хиради худ такя кунад, ҷисм дигар аҳамият надорад"

Танҳо теъдоди афроде, ки бар асари таркиш дар мина дар ноҳияи Рашт маълул гаштаанд, ба 21 нафар мерасад. Зубайдуллои Хайрулло аз зумраи касонест, ки ҳангоми чаронидани рама дар мина таркида ва аз ҳар ду пои худ маҳрум шудааст. Маълули дигар Ҷӯрабек Ҳусейнови 14 - сола аст, ки ба иллати нодуруст гузаронидани сузандору дар тифлӣ ранҷи маълулӣ мекашад.

Муҳибҷон Абдуалимов, раиси ҷамъияти маъюбони ноҳияи Рашт дар як сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, 2300 маъюб дар ҳоли ҳозир ин ҷамъиятро фаро мегирад. Ҷаноби Абдуалимов мегӯяд, инсон агар ба хиради худ такя кунад ҷисм аҳамият надорад. Вай аз фаъолияти рӯзмарраи маъюбон дар водии Рашт далел оварда мегӯяд, маъюбон сарфи назар аз ҳама мушкилоти рӯзгор дилшикаста нестанд.

Ва аммо дар мавриди мушкилот Муҳибҷон Абдуалимов мегӯяд, аз нарасидани аробачаҳо танқисии зиёд мекашанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳудуди водии Рашт беш аз 6000 маъюб ҳаёт ба сар мебарад. Гуфтанист, охирин нафаре, ки ба сафи маъюбон пайваст, сокини деҳаи Чорчароғ Талабшои 8 сола буд, ки ҳангоми бархӯрд бо маводи тарканда моҳе қабл аз як чашмаш маҳрум шуд.
Маҳмуди Шодӣ, Рашт
XS
SM
MD
LG