Пайвандҳои дастрасӣ

Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба пауэрлифтинг


Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба пауэрлифтинг ва ё вазнбардорӣ бо ширкати ҳудуди 50 варзишгар аз манотиқи мухталифи ин кишвар рӯзи шанбеи 9 июл дар қасри варзиши «Меҳнат»-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Толеъ Холназаров, қаҳрамони ҷаҳон ва Осиё дар риштаи пауэрлифтинг, ки раиси Федератсияи пауэрлифтинг ва бодибилдинги Тоҷикистон мебошад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рақобатҳо миёни мардон ва ҷавонони синнашон то 23-сола мувофиқи вазнашон сурат мегирад. Вай афзуд,ин навъи варзиш дар Тоҷикистон баъди таъсис додани Федератсияи пауэрлифтинг (соли 2002) рушд ёфтааст ва ҷавонони тоҷик ба он таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунанд.
Ва як хабар барои ҳаводорони тенниси майдонӣ. Бино ба иттилоъи Татяна Ҳомидова, котиби масъули Федератсияи тенниси Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ, тими мунтахаби ин кишвар дар ҳайати Мансур ва Мирҳусейн Яҳёевҳо, Дилшод Шарифӣ ва Раҳматулло Раҷабалиев дар мусобиқаи байналмилалии минтақаи Осиё барои дарёфти Ҷоми Девис, ки аз 10 то 19 июл дар Ҳонконг баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард. Ҳамзамон теннисбозони навраси тоҷик Аҳмадҷони Муҳаммад ва Фарҳод Саидов дар мусобиқаи байналмилалӣ миёни варзишгарони синнашон то 14-сола, ки 9 июл дар Австрия оғоз мешавад, таҳти раҳбарии мураббӣ Сергей Макашин ширкат меварзанд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе.
XS
SM
MD
LG