Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аввалин маммограф дар Душанбе


Дармонгоҳи марказии таҳқиқотӣ ва табобатии бемориҳои занона ва доягии Тоҷикистон, тавассути таҷҳизоти ҷадид ва фанновариҳои муосир имкон пайдо кардааст, ки саратони синаи занонро ташхис ва ошкор созад. Бар пояи иттилоъи вазорати бехдошти Тоҷикистон, ахиран бо мусоидати Созмони Ҷаҳонии Тандудустӣ ва пуштибонии молии Бонки Осиёии Рушд ба маблағи 30 000 доллари амрикоӣ ба кишвар аз Аврупо таҷҳизоти ҷадид оварда шуд. Ин асбоби ташхис метавонад ба таври ҷадид ва замонавӣ нишонаҳои ҷузъитарини саратони синаи занонро ҳатто дар марҳилаи ибтидоӣ ошкор созад.

Евгения Нарзуллоева, мудири дармонгоҳи таҳқиқотӣ ва табобатии бемориҳои занона ва доягии Тоҷикистон гуфт, қаблан онҳо имкони ташхиси амиқи варамҳои зарарнок ва безарарро дар ғадудҳои синаи занон надоштаанд ва танҳо ҳангоми ҳамл ва баъди он нишонаҳои бемории саратони сина рӯшан мегашт, ки пешгирӣ ва табобати он мушкилоти зиёдро ба бор меовард. Хонум Нарзуллоева гуфт: "Ин асбоб маммограф ном дорад ва ягона таҷҳизот аст дар Тоҷикистон, ки саратони ғадудҳои синаи занонро бо усули замонавӣ ва хеле амиқтар ташхис ва ошкор менамояд. Дар сурати пеш аз ҳамл ошкор намудани нишонаҳои саратони сина, мо метавонем дар марҳилаи табобати зан то соати ҳамл, сабзиш ё бузургшавии варамҳои зарарнок ва безарарро дар ғадудҳои синаи занон пешгирӣ кунем."

Хонум Нарзуллоева бо изҳори таасуф афзуд, солҳои ахир дар миёни занҳо бемории саратони ғадудҳои сина ва бачадон афзоиш ёфтааст, вале азбаски феълан танҳо як дастгоҳи ташхиси ин беморӣ дар Тоҷикистон мавҷуд аст, тамоми сокинони кишвар имкони дастрасӣ ба чунин ташхисро надоранд.

Дар ҳамин ҳол, Абумуслим Темуров, муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон, дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, қарор аст, Бонки Исломии Рушд дар чахорчӯбаи як барномаи кӯмаки худ ба соҳаи беҳдоштии Тоҷикистон, асбобу таҷҳизоти муосири ташхисӣ, аз ҷумла ташхиси саратонро аз Аврупо ба кишвар ворид созад: "Мувофиқи қисми дуюми барномаи кӯмаки худ, Бонки Исломии Рушд дар нимаи дуввуми соли равон барои ба Тоҷикистон овардани таҷҳизоти нав аз хориҷа мусоидат хоҳад кард ва аз ҷумла харидории дастгоҳи ташхиси саратони синаи занон низ дар назар дошта шудааст."

Бар асоси иттилоъи мутахасисини соҳа, асбоби ташхисии маммограф ҳамчунин метавонад бемориҳои кӯдаконро ҳанӯз дар батни модар, ҳолати кулли узвҳои дарунӣ ва сабзиши устухонҳои онҳоро амиқтар ташхис кунад.
Сафаргули Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG