Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мероси дарди сар


Ҳамоиши чаҳоррӯзаи мутахассисин ва коршиносони умури радиатсионӣ аз Иёлоти Муттаҳида, Олмон, Русия ва се кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон рӯзи панҷшанбеи 7 июл дар канори баҳри Қайроққум бо имзои як ёддошти тафоҳум дар мавриди шурӯъи барномаи безараргардонии партовгоҳҳои радиатсионии воқеъ дар вилояти Суғд поён ёфт. Музаффар Юнусов, муовини раиси кулли корхонаи «Фулузоти нодири Шарқ» ё худ «Востокредмет», яке аз иштирокдорони семинари Қайроқум дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: «Дар ин ёддошти тафоҳум зикр шудааст, ки барои бартарафсозии зарари партовгоҳҳои радиатсионии корхонаи «Востокредмет» маблағҳои бузург зарур аст. Вале дар шароити кунунӣ ҳукумати Тоҷикистон ва корхонаи мазкур чунин маблағро дар даст надорад. Аз ин лиҳоз мо ба кӯмаки донорҳои байналмилалӣ ниёз дорем. Дар ин нишаст Ташхисгоҳи Миллии Ливермор аз аёлати Калифорнияи Иёлоти Муттаҳида омодагии худро барои оғози корҳои аввалияи безараргардонии партовгоҳҳои радиатсионии Суғд бо пешниҳоди кӯмаки молӣ ба маблағи ҳудуди 25 ҳазор доллар изҳор дошт. Умедворем, дар оянда маблағгузорӣ дар ин самт аз ҷониби донорҳои дигар зиёд карда мешавад.»

Корхонаи давлатии «Востокредмет», воқеъ дар шаҳри Чкалов, 10-километрии Хуҷанд, дар замони шӯравӣ ба коркард ва истихроҷи уран ихтисос дошт. Ин корхонаи бузург дар ҳоли ҳозир наздики даҳ партовгоҳи радиатсионӣ дар масоҳати тақрибан 270 гектар ба мерос гирифтааст, ки дар онҳо беш аз 50 миллион тонна бозмондаҳои моддаҳои радиоактиви барои инсон хатарангез нуҳуфтааст.

Ричард Набб, мудири бахши амнияти минтақавӣ дар Ташхисгоҳи Миллии Ливермор, аёлати Калифорния, яке дигар аз иштирокдорони семинари Қайроққум гуфт, гоми нахусти мутахассисин дар роҳи безараргардонии партовгоҳҳои радиатсионии Суғд татбиқи як барномаи озмоишӣ хоҳад буд: «Мо барои барномаи озмоишӣ номгӯи партовгоҳҳои дорои аҳамияти аввали безараргардониро таҳия намудем. Аммо интихоби маҳалли озмоиш иҷрои як идда корҳои фанниро тақозо мекунад. Аз ин рӯ, вазифаи аввалиндараҷаи мутахассисин тайи моҳи оянда аз ҷамъоварии маълумоти бештар дар мавриди авзоъи партовгоҳҳои радиатсионӣ, ба сомон расонидани корҳои техникӣ ва сипас дар заминаи илмӣ аз интихоби як партовгоҳ барои шурӯъи татбиқи барномаи озмоишии безараргардонӣ иборат аст.»

Ричард Набб, мудири бахши бехатарии минтақавӣ дар ташхисгоҳи миллии Ливермор афзуд, партовгоҳҳои кушоди Деҳмой, воқеъ дар канори Хуҷанд ва сӯи дигар дар шаҳраки Табошар, 30-километрии шимоли маркази устони Суғд дар ҳоли кунунӣ ниёзи аввалдараҷа барои безарарсозӣ доранд.
XS
SM
MD
LG