Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лондон: беш аз 50 кушта ва беш аз 700 захмӣ


Арқоми охирини расмӣ ҳокӣ аз кушта шудани ҳадди ақал панҷоҳ нафар ва захмӣ гардидани беш аз ҳафтсад нафари дигар бар асари таркишҳои рӯзи панҷшанбе, ҳафтуми июл дар Лондон, пойтахти Бритониёи Кабир мебошанд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, қабл аз таркиш ягон ҳушдоре ба онҳо нарасидааст. Ҷек Стро, сарвазири Бритониё гуфтааст, аз эҳтимол дур нест, ки ин таркишҳо амали тарҳрезишудаи созмони террористии "Ал - Қоида" бошад. Як ташкилоти террористие бо номи "Созмони махфии "Ал-Қоида" дар Аврупо" дар яке аз сайтҳои интернетӣ масъулияти таркишҳоро бар дӯши худ гирифтааст.
Инфиҷорҳо дар Лондон дар ҳоле ба амал омаданд, ки рӯзе пеш Кумитаи байнулмилалии олимпӣ ин шаҳрро пойтахти Бозиҳои олимпии соли 2012 эълон кард ва дар Шотландия нишасти сарони ҳашт кишвари аз лиҳози саноатӣ пешрафта оғоз мешуд. Ба думболи таркишҳои Лондон давлатҳои аврупоӣ чораҳои амниятиро дар шаҳрҳои бузург таҳким доданд.


Ҳукумати Тоҷикистон ва доираҳои сиёсии ин кишвар амалҳои террористии рӯзи панҷшанбеи Лондонро қатъан маҳкум карда ба наздикони қурбониёни таркишҳои ҳафтуми июли пойтахти Бритониё ҳамдардӣ изҳор карданд. Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон унвонии Тони Блэр, сарвазири Бритониёи Кабир барқияи ҳамдардӣ ирсол кардааст ва дар он гуфтааст, Тоҷикистон омода аст, дар муборизаи зидди терроризм ҳиссаи худро бигзорад.
Муҳиддин Кабирӣ, муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон гуфт, куштор ва захмӣ кардани даҳҳо шаҳрванди оддӣ кирдори ғайриинсонӣ ва ҷиноӣ мебошад ва ҷинояткорон бояд муҷозот шаванд. Муҳиддин Кабирӣ гуфт, ӯ умед дорад, ки тафтиши ин ҷиноят холӣ аз нигоҳҳои мазҳабӣ ва ирқӣ сурат хоҳад гирифт, зеро ҷинояткорон миллат ва дину мазҳаб надоранд.
XS
SM
MD
LG