Пайвандҳои дастрасӣ

Президент муваззаф намуд...


Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи аввали соли ҷории ҳукумати кишвар, раҳбарони вазоратҳо ва идораҳои марбутаро муваззаф кард, сохтмони нерӯгоҳи «Помир-1» то моҳи ноябри имсол анҷом дода шавад. Дар ҷаласаи аъзои ҳукумати Тоҷикистон, ҷаноби Раҳмонов инчунин дастур дод, ки роҳи зеризаминии ағбаи Анзоб то моҳи марти соли 2006, таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе - Қӯрғонтеппа - Кӯлоб ва марҳалаи аввали сохтмони ҷодаи Шағон - Зиғар, Шикев - Зиғар дар соли равон ба итмом расанд. Эмомалӣ Раҳмонов зимни нишасти мазкур аз ҷумла гуфт, айни замон ҷиҳати таъмиру тармими ҷодаҳои мошингард ёздаҳ лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблаги яксаду бист миллион доллари амрикоӣ роҳандозӣ мешавад. Ҳамзамон, раисҷумҳури Тоҷикистон масъулини ҳукуматро пиромуни пешниҳоди лоиҳаҳои сохтмони ҷодаҳои стротеҷӣ ба мисли Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Ваҳдат - Нуробод-Саритош, роҳи зеризамини тариқи ағбаи Шар-Шар ва силсилаи нерӯгоҳҳои обию барқӣ қатъиян вазифадор кард. Президенти Тоҷикистон ҳамчунин ба нахуствазири кишвар - Оқил Оқилов супориш дод, то ҷиҳати рафъи пайомадҳои офоти табиӣ дар манотиқи гуногуни кишвар, бавижа барои ба мавзеъи Саразм кӯчонидани аҳолии зарардидаи ҷамоати Рӯдакии шаҳри Панҷакент ва таъмини шароитҳои хуби зисти онҳо, эъмори хатҳои барқ, об, муассисоти маорифу тандурустӣ мусоидат кунад.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG