Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар ростои офатҳои табиӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мадад хост


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе эълон кард, ки мақомоти ин кишвар дар робита бо офатҳои табиии рӯзҳои ахир аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ кӯмакҳои таъҷилӣ дархост кардааст. Дар изҳороти ҳукумати Тоҷикистон гуфта мешавад, барфи фаровон дар кӯҳистони кишвар ва боронҳои дарозмуддат якҷо бо обшавии пиряхҳо барфкӯч ва ё баҳман ва селу ярч ба думбол доштанд, ки бар асари онҳо 38 нафар кушта, наздик ба 4 ҳазор манзил, 85 иншооти таълимӣ ва беҳдошт, 200 километр хатти барқ, даҳҳо пул ва ҳазорон гектар киштзор тахриб диданд. Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, зарари офатҳои табии моҳҳои май ва июли соли равон, ҷамъан 20 миллион долларро ташкил доданд. Ҳамзамон, гуфта мешавад дар изҳорот, ҳамарӯза аз рӯйдодҳои нави асафбор дар навоҳии гуногуни кишвар хабар мерасад. Ҳукумати Тоҷикистон бо ташвишу изтироб иқрор мекунад, ки ба танҳоӣ наметавонад, паёмадҳои офатро бартараф намояд ва ба осебзадагон мадад кунад. Он изҳори умедворӣ кардааст, ки дархости он вокуниш ва пуштибонии ҷомеъаи ҷаҳониро ба амал хоҳад овард.
XS
SM
MD
LG