Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гигантомания" дар Тоҷикистон


Баррасии Холиқи Сангин

Нашрияи «Тоҷикистон» дар сутуни иқтисодии худ дурнамои рушди иқтисодии кишварро ба баррасӣ гирифта нигоштааст, ки Тоҷикистон имрӯз ба бемории гигантомания гирифтор шудааст. Нашрия дар ин робита аз таваҷҷӯҳи афзояндаи давлат ба сохтмони иншооти бузург ёдовар шуда таъкид менамояд, ин дар ҳолест, ки имрӯз дар ҷаҳон 80 дар сади ҷойҳои корӣ тавассути корхонаҳои хурду миёна эҷод мешаванд. Бино ба навиштаи «Тоҷикистон», агар нерӯгоҳи обиву барқии Роғун сохта шавад, он як дарсади шаҳрвандони қобили меҳнатро ҳам наметавонад бо ҷойи кор таъмин созад.Нашрияи мазкур афзудааст, додани авлавият ба сохтмони корхонаҳои бузург ва фаромӯш кардани эҷоди ҷойҳои корӣ дар корхонаҳои хурду миёна ба сиёсати аввалиндараҷаи иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфтааст. Аммо, хулоса кардааст нашрия, ин иштибоҳест, ки иқтисодии моро ба ҳеҷ ваҷҳ аз ботлоқи бӯҳрон берун намекашад.

«Вечерний Душанбе» аз тасмими дуввумин бонки бузурги тиҷории Қазоқистон, бонки «Турам- Алем» дар бораи гушоиши дафтари ин бонк дар Душанбе хабар додааст. Ба навиштаи «Вечерний Душанбе», бонки мазкур муҷаввизи Бонки миллии Тоҷикистонро барои шурӯъи фаъолият дарёфт намудааст ва қарор аст, рӯзҳои наздик ба фаъолият оғоз намояд. «Вечерний Душанбе» навиштааст, алҳол, дар ҳудуди Тоҷикистон танҳо як бонки хориҷӣ дафтари намояндагӣ дорад.

Дар матлаби дигари ин нашрия вазъи кунунии соҳаи истихроҷу коркарди нафту гази Тоҷикистон хеле нигаронкунанда арзёбӣ шудааст. Муаллифи ин матлаб, Набӣ Маликов, муовини раиси маркази рушди соҳаи нафту гази Тоҷикистон дар чунин шакл гирифтани вазъ мақомоти вазорати энергетикаи ин кишварро муқассир дониста менависад, дар чоруним соли охир ин вазорат ҷиҳати рушди соҳаи нафту газ иқдоми муассире анҷом надодааст.

«Курйер Таджикистана» бо ишора ба аҳамияти роҳбурдиву иқтисодии пули Панҷи поён - Бандари Шерхон барои ояндаи Тоҷикистон нигоштааст, роҳандозии ин пул нақши бандари Хайратони Узбакистонро дар убуру мурур ва интиқоли коло камранг месозад ва ҳамзамон вобастагии мавҷуди Тоҷикистонро дар баробари Узбакистон аз байн мебарад.

Иқлими сармоягузории Тоҷикистон ҳанӯз ҳам барои ҷалби сармоягузорони хориҷиву дохилӣ мувофиқ нест.
«Бизнес и Политика» ин мавзӯъро ба барррасӣ гирифта дар ин замина навиштааст, ки эҳтимоли хатари ноком мондани сармоягузор дар Тоҷикистон феълан 86 дар садро ташкил медиҳад. Ба таври дигар, ёдовар мегардад нашрия, аз миёни сад тарҳ сармоягузор метавонад танҳо ба чаорҳдаҳтои он умед бандад.
XS
SM
MD
LG