Пайвандҳои дастрасӣ

Квотаҳои президентӣ: Ба номи киву ба коми кӣ


Шумори квотаҳои президентӣ барои соли равон сад дар сад зиёд гардид. Ҳамакнун ҳазор ҷавон аз навоҳии дурдасти Тоҷикистон метавонанд бе ягон мамоният тавассути квота дар донишгоҳҳои мухталиф таҳсили худро идома диҳанд. Ин дар ҳоле, ки солҳои қабл танҳо панҷсад нафар чунин имкониятро доштанд. Қарори зиёд намудани теъдоди квотаҳо барои ҷавонони навоҳии дурдаст аз ҷониби раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар рӯзи вохӯрӣ бо ҷавонон дар таърихи бисту якуми май эълон гардида буд. Мувофиқи қарори нав акнун дар баробари духтарон, дусад квота барои писарони ноҳияҳо низ ҷудо шудааст. Қабл аз ин, квотаи президентӣ танҳо ба духтарони ноҳияҳо тааллуқ дошт. Дилшод Қурбонов, масъули кумитаи кор бо ҷавонон мегӯяд, дар тақсими квотаҳо пеш аз ҳама ихтисосҳои зарурӣ барои ҳамон ноҳия ба назар гирифта мешавад:
«Квотаи президентӣ вобаста ба шароити минтақаву ноҳияҳои дурдаст ва теъдоди аҳолии ҳамон ноҳия тақсим мешавад.»

Ҷаноби Қурбонов мегӯяд, квотаҳо ба духтарону писарони ноҳияҳои дурдаст аз оилаҳои камбизоат пешбинӣ шудааст, ки тибқи он ҷавонон дар натиҷаи санҷиш ва ё сӯҳбат бо роҳбарони донишгоҳҳо ва аъзои комиссия бояд ба донишгоҳ ва ихтисоси дилхоҳ шомил гарданд. Вале аксари ҷавонони ноҳияҳои дурдаст аз тариқаи имрӯзаи тақсими квотаҳо дар ноҳияҳо норизо будаанд. Онҳо мегӯянд, квотаро ҷавони болаёқат, аммо камбизоат ба осонӣ дастрас намуда наметавонад. Сабоҳат ном донишҷӯ, ки аз Ишкошим омадааст, мегӯяд, ӯ низ аз гурӯҳи чунин донишҷӯёни камбизоати бахтхандида мебошад:
«Квотаро ба одамоне медиҳанд, ки омада як сол мехонанд ва мепартоянд, намехоҳанд хондан, шинос доранд, падарашон соҳибмансаб аст, ё чизи дигар, ки квотаро мегиранду хоҳанд мехонанд нахоҳанд не».

Мусоҳиби дигарам аз гирифтани номаш худдорӣ кард ва гуфт, танҳо баъд аз ду соли интизорӣ ба ӯ квотае додаанд, ки ихтисосаш тамоман ба ӯ писанд нест, аммо аз ноилоҷӣ таҳсил дорад:
«Як сол даводав карда гирифтем квотаро, лекин як квотае доданд, ки тамоман ихтисосаш ба ман писанд нест, факултети физика доданд, вале нахоҳам ҳам аз ноилоҷӣ омада таҳсил дорам.»

Ба гуфтаи волидон ва мусоҳибони ҷавонам, аксаран, агар ба духтар ва ё ҷавонписари оддии босавод роҳхат ё худ квота дастрас гардад ҳам танҳо ба факултаҳои камарзиш, зеро квотаҳо ба ихтисосҳои серхаридор миёни худи масъулин тақсим мегаштааст. Ва ба гуфтаи мусоҳибонам, солҳои ахир бархеҳо ҳатто аз пойтахт бо мақсади ба даст овардани квота соли охирини таҳсили худро дар мактаби ноҳияву минтақаи дурдаст мегузаронанд. Ба назари Гулчеҳра ном зан барои ҷилавгирӣ аз ришвахорӣ ва ноадолатӣ дар раванди тақсимкунии квотаҳои президентӣ бояд худи роҳбарону масъулин аз вазорати маориф ва донишгоҳҳо ба ноҳияҳо сафар намоянд:
«Ба фикри ман, ҳамин роҳбарҳо аз боло худашон ба ноҳия рафта дониши ҷавононро санҷанд ва донанд, ки дониши кадом хатмкунанда ба кадом ихтисос мувофиқ аст, хоҳиши ҷавонҳоро ба назар гиранд, бо муаллимони мактабҳо сӯҳбат намоянд ва баъд ба ҳар як нафар мувофиқи донишаш роҳхат диҳанд, то оянда ӯ мутахассиси хуб шавад ва манфиаташ ба ноҳияи худ расад».

Масъулияти тақсими квотаҳоро ҳукумат ва идораҳои маорифи ноҳияҳо бар дӯш дорад, аммо, ахиран, кумитаи кор бо ҷавонон таклиф кардааст, ки раванди супурдани квотаҳоро барои ҷавонон новобаста худи кумита зери назорат бигирад ва тавассути як комиссияи вижа дар ноҳияҳо ин роҳхатҳоро ба нафарони сазовор супорад. Лекин дастрас намудани квота агар як мушкилӣ бошад, мушкилии дигар шароити таъмини ин донишҷӯён дар пойтахт аст, ки аксарият ба вазъи бади хобгоҳҳову мушкилиҳои моддӣ тоб наоварда таҳсилро тарк мегӯянд.
XS
SM
MD
LG