Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мизбони бозиҳои тобистонаи олимпии 2012 маълум шуд


Жак Рогге - президенти кумитаи байналмилалии олимпӣ рӯзи чоршанбе, шашуми июл пас аз нишасти вижаи ин кумита дар Сингапур исми мизбони бозиҳои олимпии 2012 - ро эълон кард. Шаҳри Лондон - пойтахти Бритониёи Кабир аз миёни панҷ шаҳри дигари ҷаҳон, Ню Йорк, Маскав, Мадрид ва Париж шарафи мизбонии Бозиҳои тобистонаи олимпии - 2012 -ро соҳиб шуд. Дар даври ниҳоии интихобот тавре қаблан тахмин зада мешуд, пойтахтҳои Бритониёи Кабир ва Фаронса барои шарафи қабул кардани бонуфузтарин мусобиқа дар олами варзиш, Олимпиада - 2012 мубориза мебурданд. Интихоби аъзои раёсати кумитаи байналмилалии олимпӣ сари Лондон қарор гирифт. Лондон дар солҳои 1908 ва 1948 низ пойтахти бозиҳои тобистонаи олимпӣ буд.
Олимпиада - 2008 дар Пекин - пойтахти Чин баргузор мешавад.
Ҳумоюни Шаҳриёр
XS
SM
MD
LG