Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марге ки аз он метавон фирор кард


Солона наздик ба 200 нафар дар Тоҷикистон худкушӣ мекунад. Дар ҳамин лаҳзаҳо, ки шумо ин аксро мебинед ва ин навиштаҳоро мехонед, касе ресмон ба шифт мезанад, то худро биёвезад, касе дар рӯи пул истодааст, то худро ба дарё афканад, касе заҳр ба пиёла мерезад, то бинӯшаду бихобад ва абадан барнахезад ва касе мили силоҳ ба сар ва ё дили хеш мегузорад. Ин авҷи беилоҷӣ ва ноумедист. Аммо гурезнопазир нест...

Муаллиф ва коргардон Салими Аюбзод

Нишонаҳо:
- кас рӯҳшикаста ва дарундор аст
- ба сарулибоси худ бепарвост
- баъзан хашмгин аст ва бешуурона кор мекунад
- вомҳои худро бармегардонад
- аз онҳое ки ранҷондааст, узр мепурсад
- ашёи дӯстдоштаашро ба дигарон тақсим мекунад
- ба ҳама чиз бетафовут менигарад

НОМАИ ШАХСИ МАРГТАЛАБ

Баъзан ба шумо ҳамин хел ҳолат мешавад, ки китоби аҷибе мехонед ва ё филми нодире мебинед ва ё бо инсони ғайриоддие вомехӯред ва баъдаш чанд ҳафта дар зери таъсири ин мулоқот мемонед. Ҳарчанд мехоҳед, худро аз ин, ба истилоҳ, маҳбаси хотира, берун кашед, намешавад.
Як мактубе ки аввали моҳи июн ба барномаи Ҳамнафас расид, ба ман ҳамин гуна таассурот боқӣ гузошт, ки ҳар куҷо равам, ҳар коре кунам, нохост ба ёдам мерасид ва ҳамаи фикру зикри маро банди хеш мекард. Ин нома қиссаеро ба думбол овард ва худ акнун ба як достон табдил ёфт:

"Ассалом.
Номи маро метавонед, Фирӯза гӯед ва ё ҳар номи дигар фарқ надорад, зеро ин номи аслии ман нест.
Ман аз зиндагие ки дорам, безор шудаам ва фақат як чиз мехоҳам -- мурдан. Ниҳоят ба ҳамин фикр омадам, ки бояд худкушӣ кунам, зеро аз ин зиёд тобу тоқат надорам ва чор тарафам фақат сиёҳиро мебинаму халос. Ҳама чиз дорем, оилаи мо серу пур аст ва фикр накунед, ки аз қашшоқӣ мехоҳам худкушӣ мекунам. Ба фикрам, вақте ин мактубро менависам, вазифадор нестам, ки сабаби чунин қарори худамро ба касе шарҳ диҳам. Вале боз шояд фикр кунанд, ки ман номусамро аз даст дода бошам ва барои ин мехоҳам худкушӣ кунам. На, ин тавр ҳам нест. Ман аз он безор шудаам, ки дар ҳама ҷо мехонаму мешунавам, ки дар ҷумлаи бисёриҳо падари маро айбдор ва тамасхур мекунанд. Ман падарамро бисёр дӯст медорам ва тоқати инро надорам, ки одамон ба вай чунин муносибат кунанд. Ман аниқ медонам, ки ними ҳамкурсонам, маро чашми дидан надоранд. Онҳо падари маро бад мекунанд ва маро низ. Медонам, шояд дар байнашон онҳое бошанд, ки наздиконашон дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон кушта шуданд. Охир, ин ҷанг буд. Ҳама ҳамаро мекушт, ғорат мекард, месӯхт. Худо шоҳид аст, ки падари ман ба даст яроқ нагирифтааст. Ман борҳо аз ӯ пурсидаам. Аммо маро таъна мекунанд, ки гӯё падари ман ба хун мансаб гирифта бошад, яъне дар ивази хуни ҳазорон нафаре ки дар ҷанги шаҳрвандӣ кушта шуданд. Ман фикр мекунам, дар ҳама ҷо касе ки маро мебинад ва ё мешунавад, ки духтари кистам, дарҳол ҳамин хел тамасхур аз дилаш мегузарад.
Ҳатто муаллиме ки аз ман билетро напурсида баҳо мемонад, ё аз тарс ин корро мекунад, ё аз нафрати беандоза: "ма, гиру гум шав, намехоҳам бо падари хунхори ту сарукор дошта бошам".
Дигар дар ин мавзӯъҳо намехоҳам бо падарам гап занам, чунки бисёр асабонӣ мешавад. Аммо вақте рафиқонаш ба хонаи мо меоянд, ман мешунавам, ки фақат аз ҳамин мансабу раҳбарӣ гап мезананд, дигаронро сиёҳ мекунанд, мардуми ҳар маҳалро таъна мекунанд, роҳ меҷӯянд, ки ин ё он касро чи хел барканор кунанд.
Модараму хоҳаронам аз ин аҳвол парво надоранд. Онҳо шоданд, ки мо ҳама серу пурем. Модарам, ҳоло намедонад, ки падарам боз зан гирифтанӣ аст. Ин ҷанҷол барои оянда. Ояндае ки ман дидан намехоҳам, ояндае ки ман онро надорам. Хулоса, вақте ин сӯҳбатҳоро мешунавам, дилам дард мекунад ва сарам чарх мезанад ва бадтар аз ҳама чизи дигар, ман ҳамеша дар таҳлукаам. Доиман фикр мекунам, ки чӣ воқеъаи ваҳшатангезе дар пеш аст. Ҳамеша ноором ҳастам ва тез асабонӣ мешавам, ба хашм меоям. Ба ҳамин сабаб охирин дугонаамро ҳам аз худам ранҷондам ва мо дигар вонамхӯрем. Бо ёрии падарам, ду бор мактабамро иваз кардам. Аз як ҷо ба ҷои дигар гузаштам, вале бефоида. Ман падарамро дӯст медорам, вале вай мансабашро дӯст медорад ва медонам, ки оқибат ҳеҷ кас маро дӯст нахоҳад дошт. Ман тасмимамро гирифтам. Аз ин хел зиндагӣ назистан беҳтар. Тасмимамро қатъӣ кардам ва ҳоло мехоҳам нақша созам, ки чӣ хел онро амалӣ хоҳам кард. Орзу мекунам, худо ва одамон маро бубахшанд.
Бо эҳтиром,
Фирӯза.

ХУДКУШӢ ДАР ИНТЕРНЕТ

Вақте дар интернет масъалаи худкуширо ҷустуҷӯ мекунед, дар навбати аввал ва аз ҳама бештар саҳифаи ҷавонону наврасони ғарбӣ ба чашм мехӯранд, ки худкуширо ситоиш мекунанд. Номи чандин гурӯҳҳои мусиқии ғарбӣ дорои вожаи худкушӣ ҳастанд. Мусиқии онҳо ба Тоҷикистон таъсир кардааст, оҳангҳои онҳоро мешунавем, аммо худо кунад, таблиғи чунин аъмол монанди худкушӣ ва ё истеъмоли маводи мухаддир гӯё барои афзудани истеъдоду ҳунари мусиқӣ ва чизҳои мисли ин ба ҷавонони кишвар таъсир накунад. Аммо намунаҳои хуби дигаре дар интернет ҳастанд. Саҳифаҳое, ки одамон дар ғояти парешонию афсурдагӣ ва чанд лаҳза пеш аз худкушӣ ба онҳо ворид мешаванд ва бо касоне вомехӯранду сӯҳбати иинтернетӣ ва ё чат мекунанд ва мефаҳманд, ки фикрашон нодуруст аст. Мефаҳманд ва ба зиндагӣ бармегарданд. Ҳама фикр мекунад, аксарияти онҳо занонанд, аммо, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, худкушии мардҳо дар Тоҷикистон, аз занон бештар аст. Чунончи, аз 199 нафаре ки худкушӣ кардаанд, 135 нафарашон мард будаанд ва бақия зан. Аз 128 нафари соли 1999 175 нафар мард ва 47 зан. Корманди маркази хабарию таҳлилии Варорӯд дар Хуҷанд, Мадина Сайфиддинова дар як мақолааш, ки саҳифаи интерентии СентразияРу чоп кардааст, менависад, сабаб дар он аст, ки акнун занон бештар машғули касбу коранд, то мардҳо ва аз он ҷо ки занон ба хӯронандагон оила табдил ёфтаанд, мардҳо ба ғояти яъсу ноумедӣ меафтанд.
Изофа бояд кард, ки худкушӣ дар Тоҷикистон асосан дар як сатҳ қарор дошта, танҳо соли 1985 ва соли 1995 ба авҷи худ расидааст. Сипас кам шудаву акнун боз рӯ ба афзойиш дорад.
Ва дар ҳоле ки ҳамаи маргҳои дигар гурезнопазиранд, худкушӣ падидаест, ки мешавад аз он пешгирӣ намуд ва шумори қурбониёни онро кам кард. Оё ин шумора зиёд мешавад ё кам, бештар ба одамони дигаре бастагӣ дорад, ки дар паҳлуи афроди пойбанди андешаи худкушӣ ба сар мебаранд. Риштаи ҳаёти чунин шахс дар даст онҳост...

Фикри шумо чист? Hamnafas@rferl.org
XS
SM
MD
LG