Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба вазнбардорӣ


Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба вазнбардорӣ байни варзишгарони синнашон то 22-сола, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо ғалабаи тими мунтахаби шаҳри Қӯрғонтеппа ба поён расид. Дастаи мунтахаби пойтахти Тоҷикистон мақоми дуввум ва тими шаҳри Ваҳдат мақоми севвумро ишғол карданд. Бобохон Сангов, сардовари ин мусобиқа, ки ҳамзамон сармураббии тими мунтахаби вазнбардории Тоҷикистон мебошад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар рақобатҳои инфиродӣ, бахусус, Хуршед Тӯраев аз Қӯрғонтеппа дар вазни 56 кило, Фирӯз Холов аз Ваҳдат дар вазни 62 кило, Ҷаҳонгир Қодиров аз Панҷакент дар вазни 69 кило, Мубин Каримов аз Хуҷанд дар вазни 77 кило ва Хуршед Корчаев аз Кӯлоб дар вазни 85 кило натоиҷи хуб ба даст оварда соҳиби медали тиллои мусобиқа шуданд. Бобохон Сангов афзуд, ғолибони мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар айни ҳол дар ҳайати дастаи мунтахаби ин кишвар барои ширкат дар шашумин Бозиҳои Осиёи Марказӣ дар Самарқанд ва мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба вазнбардорӣ миёни наврасон дар Тошканд омодагӣ мегиранд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе.
XS
SM
MD
LG