Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико даъвати Созмони Шанхайро ба таъини мӯҳлати хурӯҷ аз минтақа рад кард


Иёлоти Муттаҳида даъвати Созмони ҳамкориҳои Шанхайро ба муайян кардани мӯҳлати хурӯҷи нирӯҳои Амрико ва эътилофи зидди террор аз пойгоҳҳои Осиёи Марказӣ рад кард. Сухангӯи Вазорати корҳои берунаи Иёлоти Муттаҳида Скот Маккормак дар Вашингтон гуфт, нирӯҳои Амрико дар ин минтақа тибқи созишномаҳои дутарафае ҳузур доранд, ки ҳукумати Иёлоти Муттаҳида бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба имзо расондааст ва ҳарду тараф аз ин созишҳо баҳравар мегарданд. Вай афзуд, Иёлоти Муттаҳида ва шарикони он дар Афғонистон бо дархости ҳукумати ин кишвар ҳузур доранд.
Пойгоҳҳои Иёлоти Муттаҳида дар Ӯзбакистон ва Қирғизистон баъд аз ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001 ва шурӯъи амалиёти зидди террор дар Афғонистон таъсис ёфта, ба раванди амалиёт дар Афғонистон кӯмак мекунанд. Дар Тоҷикистон бо ин мақсад гурӯҳи низомии Фаронса ҷойгир шудааст. Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки ба он Чину Русия, Тоҷикистону Ӯзбакистон ва Қазоқистону Қирғизистон аъзо мебошанд, рӯзи 5-уми июл дар нишасти сарони ин кишварҳо дар Остона, пойтахти Қазоқистон, ба таъини мӯҳлати хуруҷи Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳои он аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват кард ва гуфт, ҷангҳои асосӣ дар Афғонистон ба поён расидаанд.
XS
SM
MD
LG