Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон, Покистон ва Ҳиндустон -- аъзои нозир дар Созмони Шанхай


Сарони кишварҳои узв дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай ризоият доданд, ки Эрон, Покистон ва Ҳиндустон дар кори ин ниҳод ба сифати нозир ширкат кунанд. Онҳо дар изҳороти худ гуфтанд, иштироки ин кишварҳо дар кори созмон ба ҳамкории бештари аъзои иттиҳод дар риштаҳои гуногун мусоидат хоҳад кард. Дар ҳоли ҳозир Чину Русия, Тоҷикистону Ӯзбакистон ва Қазоқистону Қирғизистон аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай буда, то мақоми нозир гирифтани Эрон, Покистон ва Ҳиндустон танҳо Муғулистон соҳиби чунин мақом буд.
Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки дар гузашта бо номи "Панҷгонаи Шанхай" машҳур буд, баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди шӯравӣ барои ҳалли масъалаҳои марзии аъзои он таъсис ёфта буд. Дар солҳои 1996 ва 1997 Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғистон дар ин робита бо Чин созишномаҳо ба имзо расонданд. Соли 2000-ум Ӯзбакистон ба узвияти созмон пазируфта шуд ва он " Созмони ҳамкориҳои Шанхай " ном гирифт. Нишасти сарони ин созмон ҳар сол дар пойтахти яке аз кишварҳои узв баргузор мегардад.
XS
SM
MD
LG