Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Хуҷанд Маркази Аарҳус боз шуд


Мусоидат ба ҷомеа дар дастрасӣ ба маълумот оид ба муҳити зист ҳадафи аслии маркази Аарҳус будааст, ки рӯзи сешанбе, панҷуми июл дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Тоҷикистон боз шуд. Марказ бо дастгирии молии Барномаи Муҳити Зист ва Барномаи Рушди Созмони Милал ва Ибтикори Муҳити Зист ва Амнияти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо таъсис ёфтааст. Дар варақаи иттилоотие, ки Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба ин муносибат интишор кардааст, омадааст, маркази мазкур фаъолиятҳои марбут ба Созишномаи Аарҳусро, аз қабили масоили ҳифзи муҳити зистӣ, ки хатари экологӣ дар пай доранд, инъикос хоҳад кард. Тоҷикистон дар соли 2001 ба Созишномаи Аарҳус ҳамроҳ шуда буд. Дар варақаи иттилоия омадааст, вилояти Суғд танҳо маконест дар Тоҷикистон, ки аз партобҳои радиоактивӣ осеб дидааст. Бино бар сиррияти ин кор дар замони Шӯравӣ аҳолӣ аз хатарҳои ин мавод огаҳии кам дошт ва акнун бардоштани пардаи оҳанини ин масъала аз вазифаи аслии маркази Аарҳус номида шудааст. Чунин як марказ қаблан дар шаҳри Оши Қирғизистон боз шуда буд.
XS
SM
MD
LG