Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти чанд гумонбар дар ҳамла ба манзили падари раиси Бонки Миллӣ


Нахустин афроди гумонбар дар ҳамла бар манзили падари раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, Муродалӣ Алимардонов, ахиран, аз ҷониби мақомоти интизомии ин кишвар мавриди боздошт қарор гирифтаанд. Маҳмадулло Асадуллоев, масъули дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабари дастгир шудани чанд нафарро бо иттиҳоми ҳамла бар манзили волидайни раиси Бонки Миллии Тоҷикистон таъйид намуд. Ҷаноби Асадуллоев аз номбар кардани теъдоди афроди дастгиршуда худдорӣ кард, аммо афзуд, афроди боздоштшуда дар анҷоми ҳамлаи ғоратгарона гумонбар мебошанд. Ин ҳама боздоштҳо дар ҳоле сурат гирифтаанд, ки то кунун мақомоти интизомии кишвар дар мавриди ангезаи қазияи мазкур сариҳан изҳори назар накардаанд. Маҳмадулло Асадуллоев, масъули дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар робита ба ин суол ва ҳамчунин ин пурсиш ки чи касоне боздошт шудаанд, гуфт:
«Ба хотири он ки таҳқиқ дар ҳоли анҷом аст ва ҳамчунин ба он хотир ки баъзе ҷузъиёти тафтишотӣ ҳанӯз барвақт аст, ки ошкор гарданд, дар ин замина наметавон чизе гуфт»


Сиюми июни соли ҷорӣ се ношиноси мусаллаҳ бо таппонча ва дар либоси низомӣ манзили падари раиси Бонки Миллии Тоҷикистонро воқеъ дар ноҳияи Ҳисор мавриди ҳамлаи ғофилгирона қарор дода буд. Замони ҳамла раиси Бонки Миллии Тоҷикистон дар манзили мавриди ҳуҷум қарор гирифта ҳузур надошт. Аммо дар пайи ин ҳамла як тан аз муҳофизони манзили падари ҷаноби Алимардонов кушта ва аз дохили манзил ба маблағи беш аз 7000 ҳазор доллари амрикоӣ ҷавоҳирот ба яғмо бурда шудааст. Муҳоҷимон ҳамчунин як автомошинаи тамғаи ВАЗ- 21099-ро аз манзили падари раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва як муҳофизи дигарро бо худ ҳамроҳ бурда буданд, баъдтар, он автомобил ва дар даруни бағоҷи он муҳофиз дар шоҳроҳи Душанбе- Ҳисор ёфта шуд.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG